СОХТМОНИ ПЕЧҲОИ АЛОВӢ ДАР КОРХОНАИ СЕМЕНТБАРОРӢ

Апрель 20, 2010 09:16

Душанбе, 20 апрел. (АМИТ «Ховар», Лаззат Диловарзод).- Ивази печи даврзанандаи  газӣ    корхонаи сементбарории шаҳри Душанбе то моҳи май бо сабабҳои техникӣ ба таъхир афтод. Боис ба ёдоварист, ки соли 2009 миёни корхонаи воҳиди давлатии «Тоҷиксемент» ва ширкати  «Ҷун — Хао» — и Ҷумҳурии Мардумии Чин оид ба ивази печҳои  газӣ    бо ангишт  созишнома ба имзо расонида шуда буд. Тибқи созишнома сохтмони печи якум, ки мебоист моҳи феврали соли ҷорӣ  мавриди истифода қарор мегирифт, бо сабабҳои техникӣ  мӯҳлати ба истифодабарии он то моҳи майи соли ҷорӣ дароз карда шуд. Санҷишҳои пешакӣ нишон доданд, ки истифода аз ангишт ду баробар хароҷоти сӯзишвории газиро кам хоҳад кард. Ивази як печ барои КВД «Тоҷиксемент» ба 7 млн. сомонӣ баробар аст, ки хароҷоташро дар ду моҳи аввали ба кор оғоз карданаш пӯшонида метавонад. Аз ин рӯ сохтани корхонаҳои сементбарории тавассути печҳои аловӣ — бо ангишт коркунанда,  барои Тоҷикистон ҳам қулай ва ҳам арзон аст.

Апрель 20, 2010 09:16

Хабарҳои дигари ин бахш

Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 23 дараҷа гарм мешавад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 19 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад