СУРХОБ БА ҶАРАЁНИ ХУД ҶОРИСТ

Апрель 5, 2010 12:21

Душанбе, 5 апрел. (АМИТ «Ховар», Лаззат Диловарзод).- Бино ба иттилои сардори дафтари матбуотии Кумитаи ҳолатҳои фавулодда ва мудофиаи гражданӣ полковник Мунира Назариева, дарёи Сурхоб ба маҷрои худ равон аст. Боис ба ёдоварист, ки 27 – уми март дар натиҷаи чӯкидани тепа ва лағжиши калони ярч роҳи дарёи Сурхоб дар наздикии деҳаи Гулмонии ноҳияи Нуробод баста шуда, кӯли калоне ташкил ёфт. Бо мақсади бехатарӣ, аҳолии деҳоти Гулмонӣ, Аэропорт, Чорсада, Сичироғ ва дигар деҳаҳои ба кӯли сунъӣ наздик аз ҷойи зисташон кӯчонида шуданд. Ярч   муддати дурудароз сади роҳи дарё гардида  натавонист ва фишори об ин монеаро шуста бурд. Сокинони деҳаҳо ба ҷойи зисташон баргардонида шуданд. Бино ба гуфти ҳамин манбаъ, алҳол постгоҳҳои назоратӣ дар макони ярч, ки эҳтимоли аз нав такрор шуданаш аз назар дур нест, қарор доранд. Сокинон ба кори ҳаррӯзаи худ машғуланд ва хавфи кӯл барои фаъолияти мардум дар корҳои хоҷагӣ   худ аз худ бартараф гардидааст.       

Апрель 5, 2010 12:21

Хабарҳои дигари ин бахш

Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 23 дараҷа гарм мешавад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 19 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад