ТАҒЙИРОТИ КАДРӢ ДАР МАЪМУРИЯТИ ШАҲРИ ХУҶАНД

Апрель 20, 2010 11:32

Душанбе, 20 апрел. (АМИТ «Ховар», Бекназари Абӯбакр). — Иброҳимов Иброҳимҷон Сангинович бо Қарори Раиси шаҳри Хуҷанд  муовини аввали Раиси шаҳр таъин гардид. Иброҳимов Иброҳимҷон Сангинович 14 августи соли 1960 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шуда, солҳои тӯлонӣ дар мақомоти комсомолӣ ва ҳизбию давлатӣ — дар вазифаҳои котиби аввали кумитаи комсомолии шаҳри Хуҷанд, котиби Комитети Марказии комсомол ва муовини Раиси Иттифоқи ҷавонони Тоҷикистон, котиби дуюм ва баъдан котиби якуми кумитаи шаҳрии Ҳизби Коммунисти Тоҷикистон, муовини Раиси шаҳри Хуҷанд адои фаъолият намудааст. Моҳи июни соли 1997 бо Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Раиси шаҳри Чкалов таъин гардида, дар ин мансаб то моҳи январи соли 2003  кор кардааст. Солҳои 2003-2007 директори Корхонаи воҳидии муҳоҷирати меҳнатии «Тоҷикхориҷакор» ва то муовини аввали Раиси шаҳри Хуҷанд таъин шуданаш вазифаи директори ҷамъияти дорои масъулияташ маҳдуди «ММК – Чкалов»-ро ба дӯш дошт. Солҳои 1995-2000 вакили Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, солҳои 2000-2005 вакили Маҷлиси вакилони халқи вилояти Суғд ва шаҳри Чкалов интихоб шудааст.

Апрель 20, 2010 11:32

Хабарҳои дигари ин бахш

«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Имрӯз дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон борон меборад
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 23 дараҷа гарм мешавад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 19 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад