ТАТБИҚИ НАҚШАИ ГЕНЕРАЛИИ ШАҲРИ ДУШАНБЕ

Апрель 15, 2010 15:21

Душанбе, 15 апрел.(АМИТ «Ховар», Марзия Саидова).-Бо мақсади таъмини истифодаи самараноки замин ва рушди соҳибкорӣ ҷиҳати сохтмони иншоотҳои инфрасохторӣ  дар пойтахт Раиси шаҳри Душанбе Маҳмадсаид Убайдуллоев Қарор имзо кард. Дар асоси он аз 14 то 29 апрели соли 2010 барои дарёфти иҷозати лоиҳакашии иншоотҳои инфрасохторӣ мутобиқ ба талаботи Нақшаи генералии шаҳр озмун эълон карда мешавад. Аз ҷумла, лоиҳаи сохтмони  бинои 9 ошёнаи Гипермаркет дар кӯчаи Н. Махсум  дар масоҳати -0,10 га,  Маркази дилхушии итолиявӣ ва хизматрасонии маишӣ, дар кӯчаи Шамсӣ дар масоҳати 0,10 га, се бинои истиқоматии 9-ошёна дар кӯчаи Сино дар масоҳати 0,56 га, хонаҳои истиқоматии бисёрошёнаи бисёрквартирадор дар маҳаллаи Испечак дар масоҳати 1га ва ғайра    Дар асоси ин Қарор Сарраёсати меъморӣ ва шаҳрсозии шаҳри Душанбе вазифадор карда шудааст, ки тибқи қарори комиссияи озмун, ки на дертар аз 3 майи соли 2010 омода мегардад, дар доираи муқаррарот лоиҳаи қарорҳоро оиди барои ғолибони озмун интихоб намудани қитъаи замин ҷиҳати лоиҳакашӣ ба Раиси шаҳри Душанбе пешниҳод намояд.  

Апрель 15, 2010 15:21

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон борон меборад
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 23 дараҷа гарм мешавад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 19 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст