ТОЗА КАРДАНИ МАВЗЕЪҲОИ ТАВИЛДАРА АЗ МИНА
Душанбе, 21 апрел. (АМИТ «Ховар», Лаззат Диловарзод).- Ташкилоти швейтсарии безараргардонии минаҳо дар Тоҷикистон ба тоза кардани майдонҳои минакорӣ кардашуда оғоз намуд. Бино ба гуфти мушовири техникии ин ташкилот Артиём Арутунян, соли 2009 гурӯҳи мутахассисон оид ба тоза кардани минаҳо аз мавзеъҳои гуногуни ноҳияи Тавилдара дидан карданд. Дар натиҷаи омӯзиш муайян карда шуд, ки маводи тарканда дар ин мавзеъҳо аз тирҳои мушакзан то бомбаҳои авиатсиониро дар бар мегиранд. Ин аст, ки безарар накардаи минаҳо дар мавзеъҳои гуногуни ин диёри хушманзара метавонад боиси ба ҳалокат расонидани садҳо одамону ҳайвонот гардад. Ба гуфти мутахассиси безараргардонии минаҳо Мушфиқ Муҳиддинов, гурӯҳи тадқиқотии швейтсарӣ ҷустуҷӯи муҳимоти нотаркидаро дар деҳоти ноҳияи Тавилдара ва атрофии он идома медиҳанд.








Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад






