ВАРЗИШГОҲИ «ОРИЁН» — РО ОТАШ ЗАДАНД
Душанбе, 7 апрел. (АМИТ «Ховар», Жасмин Назарова). – Рўзи 4 апрели соли равон дар толори варзишгоҳи «Ориён» мансуб ба ҶСШК «Улҷабой» воқеъ дар деҳаи Комсомоли ноҳияи Рўдакӣ сўхтор ба амал омад. Тавре ба АМИТ «Ховар» аз дафтари матбуоти Сарраёсати хадамоти давлатии оташнишонии ВКД ҶТ иттилоъ доданд, ҳангоми сўхтор дар масоҳати 300 метри мураббаъ боми бино, дастгоҳҳои машқ сўхта корношоям гардиданд. Инчунин алангаи оташ қисман ба ателеи дўзандагӣ ва ошхона, ки дар дохили ҳамин бино буданд, хароб гардид. Зарар ва сабаби сўхтор муайян карда мешавад.








«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Имрӯз дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон борон меборад
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!






