ЯК НАФАР ҚУРБОНИ БОРОНИ СЕЛ ШУД

Апрель 20, 2010 09:18

Душанбе, 20 апрел. (АМИТ «Ховар», Лаззат Диловарзод).- Дар натиҷаи борони сел, ки ҳафтаи гузашта дар минтақаи Кӯлоби вилояти Хатлон рух дод дар дарёчаи Ниёви ноҳияи Шӯрообод як зани 32 сола ғарқ шуд. Борони сел ҳамчунин ба ноҳияҳои Мӯъминобод, Ховалинг ва Кӯлобу Восеъ низ хисороти зиёд ворид намуд. Бо вуҷуди он ки аз Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании ҷумҳурӣ  дар бораи талафоти одамон маълумоте нарасидааст, аммо  тибқи иттилои хабарнигори Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати ҷумҳурӣ Раҳматалӣ Назриев талафоти як одам дар ноҳияи Шӯрообод ба қайд гирифта шудааст. Бо ёрии кормандони ҳолатҳои  фавқулоддаи ноҳияи Восеъ сокинони деҳаи Ғофилобод сари вақт аз ҷойи ҳодиса ба ҷойи бехавф кӯчонида шуданд. Зарари хисорот муйян карда мешавад.

Апрель 20, 2010 09:18

Хабарҳои дигари ин бахш

Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 23 дараҷа гарм мешавад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 19 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад