ЗАНОН ДАР КОРҲОИ РОҲБАРӢ ФАЪОЛАНД
Ваҳдат,29 апрел.(АМИТ»Ховар»,Зебо Давлатова). — Тавре,ки раиси Кумитаи кор бо занон ва ва оилаи назди мақомоти иҷроияи шаҳри Ваҳдат Азиза Эшонова ба хабарнигори АМИТ»Ховар» иттилоъ дод, давоми соли ҷорӣ Кумитаи кор бо занон дар якҷоягӣ бо масъулини шӯъбаи маориф,шӯъбаи ташкилӣ ва кор бо кадрҳои Дастгоҳи Раиси шаҳр рӯйхати 116 нафар занони лаёқатмандро барои захираи кадрӣ тартиб додаанд. Бо мақсади таъмини иштироки фаъолзанон дар ҳаёти ҷамъиятӣ ва идоракунии давлат ва амалӣ гардидани Фармони Президенти кишвар «Дар бораи баланд бардоштани мақоми зан дар ҷомеъа» дар байни занон бештар аз 100 вохӯрӣ гузаронида шуд. Азиза Эшонова афзуд,ки баҳри амалӣ намудани Барномаи давлатии тарбия,интихоб ва ҷобаҷогузории кадрҳо дар шаҳри Ваҳдат аз ҳисоби занони лаёқатманд аҳамияти махсус дода мешавад.То охири соли 1990 дар шаҳр аз ҳисоби занон 58 нафар дар сатҳи роҳбарӣ фаъолият доштанд. Айни замон дар шаҳри Ваҳдат шумораи занони фаъолу роҳбар ба 190 нафар расидааст.








Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борону барф пешгӯӣ мешавад
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!






