ЗАРАРИ БОРУ МУСОФИРКАШОНӢ 10 МЛН. ДОЛЛАР

Апрель 22, 2010 10:12

Душанбе, 22 апрел. (АМИТ «Ховар», Лаззат Диловарзод).- Ба гуфти раиси ширкати «Роҳи охани Тоҷикистон» Амонулло Ҳукуматулло дар семоҳаи аввали соли ҷорӣ зарари аз бору мусофиркашонӣ ба ширкати мазкур расонидашуда 10 млн. доллари амрикоиро ташкил медиҳад. Ба ин зарар ҳамчунин боздошти беасоси қатораҳои Тоҷикистон дар хоки Ӯзбекистон сабаб шудааст. Боиси тазаккур аст, ки боздошти қатораҳо боиси ҷарима шудани ширкати «Роҳи оҳани Тоҷикистон» аз тарафи соҳибони бору моли ба чумҳурӣ воридшаванда мегардад, ки андозаи ҷуброни он ба миллионҳо доллар баробар мегардад. Ба гуфти раиси ширкат, шумораи қатораҳои дар сарҳади Ӯзбекистон нигоҳ дошташаванда 1186 – то буда, 800 қатораи он барои вилояти Хатлон маводи сӯхт, техникаи соҳилмустаҳкамкунӣ, аз қабили булдозеру экскаваторҳо, ҳамчунин масолеҳи сохтмонӣ расониданӣ буданд. Бо вуҷуди муроҷиати чандинкаратаи ширкати «Роҳи оҳани Тоҷикистон » ба шӯрои байнидавлатии ИДМ дар ҳалли мушкилоти ба вуҷуд омада натиҷае ба даст наомадааст,- гуфт  А. Ҳукуматулло.                                 

Апрель 22, 2010 10:12

Хабарҳои дигари ин бахш

«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Имрӯз дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон борон меборад
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 23 дараҷа гарм мешавад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 19 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад