ЗИЛЗИЛАИ ХАРОБИОВАР ДАР ЧИН

Апрель 15, 2010 09:03

  Душанбе,  15 апрел. (АМИТ «Ховар»). —  Субҳи  барвақти  14  апрел дар  якчанд  вилояти  қисмати  шимолу  ғарбии  Чин  зилзилаи  шадид  рух дод.  Маркази  зилзила  дар  масоҳфаи  380  километрии   шаҳри Голмуди  вилояти  Тсинхай  воқеъ  буд.  Қувваи  зилзила дар  марказаш  ба 7,1  балл баробар  буд. Дар  натиҷаи  зилзила  шаҳри Тсегу  комилан   хароб  шуд.  Дар  шаҳр  қариб  ҳамаи  биноҳо  ва  роҳҳо  харобу  валангор  гардиданд. Шумораи  ҳалокшудагон  қариб  ба  590  нафар  мерасад. Аз  ин  ҷумла  56  нафар  талабагон  мебошанд.  Муовини  сардори  шӯъбаи  маорифи  Округи  мухтори  Тибет Сяо  Юйпин  хабар  дод, ки шоми  дирӯз  аз  зери  харобаҳо  ҷасадҳои  5  нафар  муаллим  бароварда шуд. Инчунин  аз  зери  харобаҳо  25  нафар  донишҷӯ  наҷот  дода шуд. Дар  шаҳр ҷустуҷӯи  одамон  ва  аз  зери  харобаҳо  баровардани онҳо давом дорад. Аз  рӯи  баъзе  хабарҳо теъдоди  зиёди одамон  дар  зери  харобаҳои  биноҳо  боқӣ  мондаанд. Дар  натиҷаи  зилзила  қариб  10  ҳазор  нафар  маҷрӯҳ  гардид. Дар  корҳои  ҷустуҷӯ  ва  наҷотдиҳии  одамон  қариб  5  ҳазор  нафар  иштирок  дорад.  Аз  вилоятҳои  дигари  мамлакат  ба  маҳалли  фалокат  гурӯҳҳои  иловагии   наҷотдиҳандагон  фиристода  мешаванд.  Ҳукумати  Чин барои  иҷрои тадбирҳои  наҷот  додани одамон  29,3  миллиард  доллар  ҷудо  намуд. Баъзе  мамлакатҳои  хориҷӣ,  аз  ҷумла   Русия  ва  ИМА ба  ҳукумати  Чин  пешниҳод  карданд, ки  дар тадбирҳои наҷот  додани одамон  ва  бартараф  сохтани оқибати зилзила  кӯмак  расонда  метавонанд.  

Апрель 15, 2010 09:03

Хабарҳои дигари ин бахш

Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 23 дараҷа гарм мешавад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 19 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад