Қ. РАСУЛЗОДА ҲАДЯИ ПРЕЗИДЕНТРО БА СОБИҚАДОРОН СУПОРИД
Душанбе, 4 май. (АМИТ «Ховар», Бекназари Абӯбакр). — Имрӯзҳо дар арафаи таҷлили ҷашни 65-умин солгарди Иди Ғалаба дар тамоми гӯшаву канори ҷумҳурӣ чорабиниҳои ҷашнӣ, аёдати иштирокчиёни ҷанги Бузурги Ватании солҳои 1941-1945 ва дастгирии ҳамаҷонибаи онҳо ҷараён дорад. Аз хадамоти иттилооти раиси вилояти Суғд ба АМИТ «Ховар» хабар доданд, ки 3 май раиси вилоят Қоҳир Расулзода ба 11 нафар иштирокчиёни ҷанги Бузурги Ватанӣ аз номи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон медалҳои ҷашнии «65-солагии Ғалаба дар ҶБВ солҳои 1941-1945» ва маблағҳои пулиро тақдим намуд. Воқеан ҳам хизмати ин мардони далер ва шуҷоъ дар ҷанги мудҳиши хонумонсӯзи солҳои 1941-1945, дар Ғалабаи халқи шӯравӣ аз болои фашизм арзанда мебошад. Умуман, дар ҷанги Бузурги Ватанӣ аз Тоҷикистон 260 ҳазор нафар ба майдони ҷанг сафарбар шуда, 92 ҳазори онҳо дар муҳорибаҳои шадид алайҳи фашизм ва озод намудани хоки Ватани муқаддас аз душман, ҳалок гаштаанд. Бояд гуфт, ки алҳол дар миқёси вилоят дар маҷмӯъ 1250 нафар собиқадорон, аз ҷумла 831 нафар иштирокчиёни ҷанги Бузурги Ватанӣ ва 420 нафар шахсоне, ки дар ақибгоҳ фаъолияти меҳнатӣ доштанд, дар қайди ҳаёт мебошанд. Воқеан имрӯзҳо давлату ҳукумати кишвар баҳри дастгирии ин фарзандони шуҷоъи Ватан, иштирокчиёни ҶБВ ғамхорӣ ва дастгириҳои саривақтӣ менамояд. Аз ҷумла, соли равон бахшида ба ин санаи фархунда аз ҷониби Президенти мамлакат ба ҳар як собиқадори ҷанги Бузурги Ватанӣ 600 сомонӣ ва аз тарафи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят 200 сомонӣ кӯмаки яквақта тақдим мегардад.








Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борону барф пешгӯӣ мешавад
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!






