ҚУРБОНИЁНИ ФАЛОКАТҲОИ ТАБИӢ ДАР АФҒОНИСТОН

Май 8, 2010 12:25

Душанбе,  8 май. (АМИТ «Ховар»). —  Дар  натиҷаи  боридани  боронҳои тӯлонӣ  ва  шадид  дар  давоми   рӯзҳои охир  дар  баъзе  минтақаҳои  Афғонистон 60 нафар  ҳалок  шуд. Инчунин  дар  натиҷаи  боришҳои  шадид  зиёда  аз  600  хона  хароб  гардид. Ҳукуматдорони  вилояти  Ҳирот  хабар  медиҳанд, ки  дар  давоми шабонарӯзи охир бар  асари  боришҳо  дар  ин  ҷо  54  нафар  ҳалок  шуд.  Инчунин  22  нафари дигар  беному  нишон  гум  шудааст.  Сели  дирӯз  дар  вулусволии  Боломурғоби  вилояти  Бодғис  омада,  9 нафар  бачагони  хурдсолро  рабуд. Дар  натиҷаи  боришҳо  танҳо  дар  вилояти  Балх  қариб  300  манзили  истиқоматӣ  хароб  шуд. Инчунин  Бунгоҳи  тақсими  қувваи барқ  аз кор баромад, ки  дар  натиҷаи он  шаҳри  Мазори  Шариф  бе  қувваи барқ  монд.

Май 8, 2010 12:25

Хабарҳои дигари ин бахш

Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 23 дараҷа гарм мешавад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 19 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад