ҲАҶМИ ИСТЕҲСОЛИ МАҲСУЛОТИ САНОАТӣ ДАР ФАРХОР МЕАФЗОЯД

Май 7, 2010 15:45

Фархор, 7 май. (АМИТ «Ховар», Сулаймон  Холов). — Корхонаҳои   саноатии  ноҳияи  Фархор  ҳаҷми  маҳсулотҳои  саноатиро  дар   се  моҳи  соли ҷорӣ  ба  миқдори  9157,5 ҳазор  сомони  расонидаанд, ки  ин  шумора  нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта  117,9 %  зиёд  мебошад  гуфт  муовини  аввали  раиси ноҳия Нурали  Гулов  ва  афзуд,  ки дар  ин  давра  корхонаҳои  саноатӣ  943 т  нахи  пахта, 37, 3 т  калобаи  ришта, 76 т  равғани  соф , 649 т орд, 114 т нон ва маҳсулотҳои  нонӣ, 2635, 7 ҳазор  сомонӣ   молҳои истеъмолии халқ истеҳсол карда дастраси  мизоҷон  гардониданд. Ба  гуфтаи  ин  манбаъ  дар  ин  самт  корхонаҳои  саноатии   «Зиёратшоҳ»,  «Фаррес», «Мухтор-С», «Некрӯз» фаъол буда, истеҳсолотро   нисбати нақша барзиёд иҷро намуданд. Нурали  Гулов  афзуд  азбаски  аксари маҳсулоти ниёзи мардум аз худи  корхонаҳои саноатӣ ва хоҷагиҳои кишоварзии  ноҳия истеҳсол мегардад  айни   ҳол  дар  бозори  марказӣ  нархи  равғани  пахта,  орд, маҳсулотҳои нонӣ, картошка, пиёз, шолӣ, ғалладонаги ва дигар маҳсулотҳо 30% нисбат ба соли  сипаригардида  арзон  ба  фурӯш бароварда  шудааст.

Май 7, 2010 15:45

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон ҳаво то 37 дараҷа гарм мешавад
Дар Бадахшон 1300 километр роҳ дорои аҳаммияти байналмилалӣ мебошад
Имрӯз дар доманакӯҳҳои Тоҷикистон ҳаво то 32 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 35 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда дар назар аст
Алоқа барои донишҷӯён: интернет ва дақиқаҳои зиёд бо 50 сомонӣ дар як моҳ
Дар Ҷамоати деҳоти Равшани ноҳияи Зафаробод корхонаи нави парандапарварӣ бунёд карда шуд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 38 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар доманакӯҳҳои Тоҷикистон ҳаво то 35 дараҷа гарм мешавад
Дар ноҳияи Мастчоҳ ба кӯдакону наврасони ятим туҳфаҳои Президенти Тоҷикистон тақдим гардиданд
Оид ба нақши Абуалӣ ибни Сино дар ташаккули илм ва фарҳанги башарият дар Хадамоти гумруки Тоҷикистон ҳамоиш доир шуд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 39 дараҷа гарм мешавад