ҲИСОБКУНАКИ БАРҚӢ БОИСИ СӮХТОР ГАРДИД
Душанбе, 13 май. (АМИТ «Ховар», Жасмин Назарова). – Ҳафтаи сипаришуда дар миқёси ҷумҳурӣ 13 ҳодисаи сӯхтор бо хисороти молии умумии 25 ҳазору 265 сомонӣ ба қайд гирифта шудааст. Тавре аз маркази матбуоти Сарраёсати хадамоти давлатии оташнишонии ВКД ҶТ иттилоъ доданд, масоҳати умумии сӯхторҳо 139 метри мураббаъро ташкил медиҳад. Чун ҳарвақта сабабҳои асосии ҳодисаҳои нохуш – муносибати беэҳтиётона бо оташ, вайрон кардани қоидаҳои бехатарӣ аз сўхтор ҳангоми истифодаи асбобҳои гармидиҳандаи барқӣ ва газӣ, расиши кӯтоҳи ноқилҳои барқӣ мебошанд. Дар давоми ҳафта дар вилояти Суғд – 7, вилояти Хатлон – 3, шаҳри Душанбе – 2 ва ноҳияи Ҳисор – 1 ҳодисаи сӯхтор ба қайд гирифта шудааст. Чунин ҳодиса 10 майи соли равон аз расиши кӯтоҳи ноқилҳои барқии ҳисобкунаки барқӣ дар манзили истиқоматии шаҳрванд Қурбон Ҳомидови 63 – сола, сокини ноҳияи Восеи вилояти Хатлон сӯхтор ба амал омад. Ҳангоми сӯхор дар масоҳати 18 метри мураббаъ болопӯш ва молу амволи хона сӯхта зарар дид. Зарар аз сӯхтор 1600 сомониро ташкил медиҳад.








«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Имрӯз дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон борон меборад
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!






