АРҶГУЗОРӢ БА СОБИҚАДОРОН ДАР ВАҲДАТ

Май 7, 2010 16:02

Ваҳдат, 7 май. (АМИТ «Ховар»,Зебо Давлатова). —  Муовини раиси дастгоҳи раиси шаҳри Ваҳдат Ислом Ниёзов ба хабарнигори АМИТ»Ховар» иттилоъ дод,ки бахшида ба рӯзи 65-солагии иди Ғалаба бо дастгирии Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон ба 84 нафар иштирокчии ҶБВ, 4 нафар оилаи бесаробон,31 нафар заҳматкашони ақибгоҳ,ҷамъ ба 113 нафар ба маблағи 600 сомонӣ кӯмаки пулӣ расонида шуд. Бо дастгирии мақомоти иҷроияи ҳукумати шаҳри Ваҳдат бо иштироки раиси шаҳр Анвари Вайсиддин ба 113 нафар кӯмаки пӯлӣю моддӣ ва ба аёдати иштирокдорони ҶБВ рафта аз шароити зисти онҳо хабардорӣ намуданд. Ислом Ниёзов афзуд,ки бахшида ба ин рӯзи таърихӣ ҷавонмарди боҳиммат раиси суди шаҳри Ваҳдат Сафаралӣ Холматов ба маблағи 1000 сомонӣ ба иштирокдорони ҶБВ кӯмаки пулӣ расонида шуд. Сардори Раёсати Хоҷагии Манзилию Коммуналии шаҳри Ваҳдат Шодибег Азимов ба 23 нафар иштирокчиёни ҳудуди шаҳр зиёфати идона,инчунин бо маблағи 50 сомонӣ ва тӯҳфаҳои хотиравӣ тақдим карда шуд.Ҳамзамон бахшида ба ин рӯзи таърихӣ ба иштирокдорони ҶБВ ҷамъомади тантанавӣ ва консерти идона тақдим када шуд.

Май 7, 2010 16:02

Хабарҳои дигари ин бахш

«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Имрӯз дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон борон меборад
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 23 дараҷа гарм мешавад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 19 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад