АРМАНИСТОН БА ТОҶИКИСТОН КӮМАК МЕРАСОНАД

Май 14, 2010 10:04

Душанбе,  14 май. (АМИТ «Ховар», Наталя  Михайлова). —  Ҳукумати  Арманистон 13  май қарор  қабул  кард, ки  ба  Тоҷикистон бо   назардошти рух  додани  фалокати табиӣ – боридани  боронҳои  шадид,  обхезӣ  ва  қурбон  гардидани теъдоди  зиёди одамон  кӯмаки таъҷилӣ  расонад. Муовини  вазири   корҳои  хориҷии  ин  мамлакат  Шаварш  Кочарян  зикр намуд, ки  Арманистон  барои бартараф  сохтани оқибатҳои  фалокати табиӣ ба  маблағи 100 ҳазор  доллари  ИМА  кӯмак  мерасонад. Тавре  хабар  дода шуда буд,  охири  моҳи  апрел  ва  аввали  моҳи  май  дар  қисмати  ҷанубии  Тоҷикистон  боронҳои  шадид  борида,  сел  омад ва  ҳазорон  манзили  истиқоматӣ  хароб  гардид.  Маблағи  зарари  фалокати табиӣ   садҳо  миллион  лдолларро  ташкил  медиҳад.

Май 14, 2010 10:04

Хабарҳои дигари ин бахш

«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Имрӯз дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон борон меборад
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 23 дараҷа гарм мешавад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 19 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад