БЕШ АЗ 37 ҲАЗОР КАДРҲОИ ОМӮЗГОРӢ
Душанбе, 28 май. (АМИТ «Ховар», Лаззат Диловарзод).- Низоми таҳсилоти 12 – сола дар ҷумҳурӣ мушкилоти нарасидани ҷойи нишаст, кадрҳои омӯзгорӣ ва нарасидани синфхонаҳоро зиёд мекунад, аммо барои роҳ надодан ба камбудиҳо аз имрӯз омодагӣ бояд дид,- иброз дошт вазири маориф Абдуҷаббор Раҳмонов. То соли 2016 эҳтиёҷ ба кадрҳои омӯзгорӣ ба 17 ҳазору 400 нафар мерасад. Бо назардошти дурнамои рушди соҳа, дар солҳои 2011- 2016 сохтмони 1050 мактаб, 1460 синфхона, ки дар маҷмӯъ 157 ҳазор ҷойи нишастро ташкил медиҳад, дар назар доша шудааст. Ҳамчунин дар давоми солҳои 2011 – 2016 бо назардошти зиёд шудани синфҳои таълимӣ ва афзоиши шумораи хонандагон дар мактабҳои олии омӯзгорӣ 37 ҳазору 700 нафар мутахассисони соҳаи педагогӣ тайёр карда мешаванд.








«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Имрӯз дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон борон меборад
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!






