БИНОКОРОНИ «РОҒУН» БА ЗАРАРДИДАГОН КӮМАК МЕРАСОНАНД

Май 21, 2010 10:56

Душанбе,  21 май. (АМИТ «Ховар»). —  Директори  генералии  Ҷамъияти  саҳҳомии  «Нерӯгоҳи  барқи  обии  Роғун» Нурулло  Шулашов   чанд  рӯз  пеш  маҷлиси  умумии  роҳбарону  намояндагони  ташкилотҳои   сохтмониро  баргузор  намуд, ки дар   сохтмони  НБО «Роғун»  иштирок  доранд. Дар  маҷлис масъалаи  расонидани  кӯмак ба   зарардидагони  боришҳои тӯлонӣ,  сел   ва обхезӣ  дар  минтақаҳои  ҷанубии  мамлакат  мавриди  баррасӣ  қарор  дода  шуд. Бо  қарори   иштирокчиёни  маҷлис   ба   минтақаҳои офатзада таъҷилан   навъҳои гуногуни техника,  аз  ҷумла булдозеру  экскаватор,  мошинҳои боркаш  ва  маводи  ғизоӣ  фиристода  шуд.   Котиби   матбуотии  директори генералии  Ҷамъияти  саҳҳомии  НБО «Роғун» Саидқул  Қурбонов ба  АМИТ «Ховар»  хабар  дод,  ки   ҳамаи ташкилотҳои   бинокории  дар  сохтмони  НБО «Роғун» иштирокдошта  қарор  доданд, ки  ба  зарардидагон  кӯмак  мерасонанд. з  ҷумла,   кормандони  идораи  «Фармоишгар» — и сохтмон  қарор  дод, ки  маоши  серӯзаи  коргаронашро  ба  маблағи  24  ҳазор  сомонӣ  ба  суратҳисоби   расонидани  кӯмак  ба  зарардидагон  гузаронад. Инчунин  аз  ҳисоби  маблағҳои сарфашуда  ба  суратҳисоби  мазкур  60  ҳазор  сомонӣ  гузаронида   хоҳад  шуд. Коргарони  Ҷамъияти  саҳомии «Норак» қарор  доданд, ки   музди  кори  якрӯзаи  худро  ба  суратҳисоби   расонидани  кӯмак ба  зарардидагон  гузаронида,  барои  бесарпаноҳмондагон  ба  маблағи  100  ҳазор  сомонӣ  хонаи  истиқоматӣ  бунёд  кунанд. Ҷамъияти  саҳҳомии  «Тоҷикнақбсоз»  музди  кори  якрӯзаи  коргаронро   ба  маблағи  31 ҳазору  500  сомонӣ  ба  суратҳисоби  расонидани  кӯмак ба  зарардидагон  гузаронида,  барои онҳо  як  хонаи  истиқоматӣ  месозад. Ҷамъияти  саҳҳомии  «Тоҷикгидромонтаж»  барои  зарардидагон ду  хонаи  истиқоматӣ  ва  идораи  Экспедитсияи  ҷустуҷӯи  геологии  ҷануби  Тоҷикистон  як  хонаи  истиқоматӣ  бунёд  хоҳанд  кард. Коргарони Ҷамъияти  саҳҳомии  «Некзод»  маоши  якрӯзаи  худро  ба  маблағи  10  ҳазор  сомонӣ  ва  коргарони  Ҷамъияти  саҳҳомии  «Черкейгэсстрой»  маоши  якрӯзаи  худро ба  маблағи  20  ҳазор  сомонӣ  ба  суратҳисоби расонидани  кӯмак ба  зарардидагон  гузарониданд. Ҳамин тариқ  корхонаю  ташкилотҳои  дигар,  аз  ҷумла,  Ҷамъиятҳои  саҳҳомии  «Восточная  горная  компания», «ГСС Данғара», «ТАДЭС», «Нурафшон», «Тоҷикгидроэлектромонтаж», «Доғспецстройсервис», «Фирӯз», корхонаи  фаръии «Экспедицияи  комплексии  ҷустуҷӯии №3» ва  ғайра  низ   музди  кори  якрӯзаи  худро ба  ҳисоби   зарардидагон  гузаронида,  инчунин  барои онҳо техника  ва  маводи  ғизоӣ   хоҳанд  фиристод.  

Май 21, 2010 10:56

Хабарҳои дигари ин бахш

Сокини ноҳияи Кӯшониён аз ҳар қуттӣ кирмак то 35 килограмм пилла ба даст меорад
Имрӯз дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон борон меборад
Имрӯз дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон рӯзона борони кӯтоҳмуддат меборад
Дар шаҳри Бӯстон доир ба татбиқи лоиҳаҳои муштараки иҷтимоӣ бо соҳибкорон вохӯрӣ баргузор шуд
Дар даҳсолаи охир дар ҷаҳон шумораи одамони бо гуруснагии фалокатбор рӯбарӯ нуҳ маротиба афзоиш ёфтааст
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 29 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Озмуни ҷумҳуриявии «Ҷавонон муқобили коррупсия» баргузор мешавад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 28 дараҷа гарм мешавад
Дар Душанбе маркази муосири телефонҳои мобилӣ ва фурӯши чиптаҳои ҳавопаймоии «Real Phone» ифтитоҳ гардид
Имрӯз дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон бориши борон пешгӯӣ мешавад
Мусобиқаи кӯдаконаи «МегаФон Life дар сабки футбол»: мавсими 2026 дар марҳилаи оғозёбӣ қарор дорад!