БУНЁДИ РОҲҲО ВА БОҒҲО ДАР ШАҲРИ ХОРУҒ

Май 7, 2010 11:51

Душанбе, 7 май. (АМИТ «Ховар», Л. Додо). – Роҳҳои мошингарди шаҳри Хоруғ аз соли 1932 инҷониб таъмир нагардидаанд. Бо ин мақсад барои таъмири роҳҳои мошингарди байнишаҳрии Хоруғ 1,5 миллион сомонӣ ҷудо гардидааст ва имрӯз беҳтарин мутахассисони роҳсоз ба кор шурӯъ карданд. Бояд гуфт, ки дар ВМКБ дар баробари таъмири роҳҳо боз бунёди боғҳо низ бо як суръати баланд ҷараён дорад. Тавре ба мухбири АМИТ «Ховар» аз Мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳияи Дарвоз иттилоъ доданд, дар моҳи апрели соли равон дар  қишлоқи Дашти лучи ноҳияи Дарвоз 20 гектар боғ бунёд карда шуд. Ва дар назар аст, ки ин бунёдкориҳо идома доранд.

Май 7, 2010 11:51

Хабарҳои дигари ин бахш

«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Имрӯз дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон борон меборад
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 23 дараҷа гарм мешавад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 19 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад