ЧАРО ДАР ВАЗОРАТИ МОЛИЯ ОЗМУН ДОИР НАШУД

Май 21, 2010 09:15

Душанбе, 21 май. (АМИТ «Ховар», Покиза Маҳмадбекова). —  19 майи соли равон дар Вазорати молияи Чумхурии Точикистон озмун оиди чойгир намудани маблағҳои озод аз фурӯши саҳмияҳо ва сертификатҳои саҳмияҳои НОБ-и Роғун дар депозитҳои бонкҳои ҷумҳурӣ даъват шуда буд. Бо сабаби набудани кворум барои боз намудани лифофаҳои бонкҳои ҷумҳурӣ, озмун гузаронида нашуд ва дархостҳои бонкҳо баргардонида шуданд. Бинобар ин, ба иттилои бонкҳои ҷумҳурӣ мерасонем, ки озмуни мазкур рӯзи 25 майи соли 2010 дар Вазорати молияи Ҷумҳурӣ Тоҷикистон баргузор мегардад. Тибқи механизми гузаронидани озмун ҳамаи бонкҳои ҷумҳурӣ метавонанд дар озмун иштирок намоянд ва дархостҳои худро аз нав ба Вазорати молия Ҷумҳурии Тоҷикистон то 25 майи соли 2010, соати 10:00 дар лифофаҳои пӯшидаи мӯҳрзада ба номи Комиссияи озмун оиди ҷойгир намудани маблағҳои озод аз фурӯши саҳмияҳо ва сертификатҳои саҳмияҳои НОБ-и Роғун пешниход намоянд (бинои асоси, ошёнаи якум, утоқи 3 телефонҳо барои тамос 227 28 44; 227 80 78 факс). Бонкҳое, ки вазъияти молиявӣ ва тавозуни пардохтпазириашон ба талабот чавобгӯ буда, даромаднокиро аз рӯи маблағҳои депозити зиёдтар пешниҳод менамоянд ғолиб дониста мешаванд. Аз ин лиҳоз, бонкҳо бояд дар дархости худ маълумотҳои зеринро ба Коммисия пешниҳод намояд: 1. Ҳаҷми маблағҳои дархостшуда; 2. Пардохти фоизҳо аз рӯи маблағҳои дархостшуда; 3. Хулосаи Бонки миллии Тоҷикистон оид ба вазъияти молиявии бонк, ликвиднокии бонк ва иҷроиши меъёрҳои муқарраргардидаи Бонки миллии Тоҷикистон. Ба иттилои бонкҳое, ки имрӯз дар депозиташон маблағҳо аз фурӯши саҳмияҳо нигоҳ дошта шудаанд, расонида мешавад, ки дар ҳолати аз иштирок дар озмун худдорӣ намудани онҳо, дар мӯҳлати 3(се) рузи бонки -72 соат, маблағҳои мазкур пурра ба суратҳисоби Хазинадории марказии Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон гирифта мешаванд. Дар ин бора ба мухбири АМИТ «Ховар» аз Котиботи Вазорати молияи ҷумҳурӣ иттилоъ доданд.

Май 21, 2010 09:15

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Бадахшон 1300 километр роҳ дорои аҳаммияти байналмилалӣ мебошад
Имрӯз дар доманакӯҳҳои Тоҷикистон ҳаво то 32 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 35 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда дар назар аст
Алоқа барои донишҷӯён: интернет ва дақиқаҳои зиёд бо 50 сомонӣ дар як моҳ
Дар Ҷамоати деҳоти Равшани ноҳияи Зафаробод корхонаи нави парандапарварӣ бунёд карда шуд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 38 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар доманакӯҳҳои Тоҷикистон ҳаво то 35 дараҷа гарм мешавад
Дар ноҳияи Мастчоҳ ба кӯдакону наврасони ятим туҳфаҳои Президенти Тоҷикистон тақдим гардиданд
Оид ба нақши Абуалӣ ибни Сино дар ташаккули илм ва фарҳанги башарият дар Хадамоти гумруки Тоҷикистон ҳамоиш доир шуд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 39 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 42 дараҷа гарм мешавад