ЧОР МАРКАЗИ БУДУБОШИ КӮДАКОН
Душанбе, 25 май. (АМИТ «Ховар», Лаззат Диловарзод).- Тавассути дастгирии Вазорати меҳнат ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии ҷумҳурӣ бори нахуст дар кишвар 4 маркази будубоши рӯзона барои кӯдакони имконияташон маҳдуд ба фаъолият шурӯъ кард. Инҳо марказҳои «Нур» дар шаҳри Кӯлоб. «Парасту» дар шаҳри Хоруғ, «Офтобак» дар ноҳияи Ҳисор ва «Ситора» дар ноҳияи Восеъ мебошанд, ки бо дастгирии ташкилоти Австрия, Фонди Оғохон ва дигар созмонҳои хориҷӣ ба фаъолият пардохтанд. Ҳоло дар ҳамаи ин чор маркази рӯзонаи будубоши кӯдакони имконияташон маҳдуд 183 нафар кӯдакони дорои нуқсонҳои ҷисмонӣ аз хизматрасониҳои иҷтимоию тиббӣ, маишиву равонӣ ва педагогӣ бархӯрдор мегарданд.








Имрӯз дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон борон меборад
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид






