ДАР ШАҲРҲОИ ХУҶАНД ВА МАШҲАД КОНСУЛГАРӢ ИФТИТОҲ МЕГАРДАД
Душанбе, 7 май.(АМИТ «Ховар», Марзия Саидова).-«Ояндаи наздик дар шаҳри Ҳуҷанд консулгарии Ҷумҳурии Исломии Эрон ва дар шаҳри Машҳад консулгарии Ҷумҳурии Тоҷикистон ифтитоҳ карда мешавад», гуфт зимни нишасти матбуотӣ ба хабарнигорон муовини консул оид ба масъалаҳои эрониён ва фаъолияти парлумонии Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Исломии Эрон Ҳасан Қашқовӣ 7 май дар Душанбе. Намояндаи идораи сиёсати хориҷии Эрон афзуд, ки ин масъала зимни баргузории нишасти саввуми консулӣ дар Душанбе 6 май бо ҳузури ҳайатҳои ҳар ду кишвар баррасӣ гардидааст. Мавсуф гуфт, ки Сарони ҳар ду кишвар тавофуқи усулии худро ҷиҳати ифтитоҳи консулгарӣ дар ин шаҳрҳо баён кардаанд. Ва бо эҳтиром ба иродаи Сарони ҳар ду кишвар мо муваззаф ҳастем, ки дар вақтҳои наздик ба зудӣ консулгарии ҳар ду кишварро дар шаҳрҳои Хуҷанд ва Машҳад кушоем, афзуд Ҳасан Қашқовӣ.








«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Имрӯз дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон борон меборад
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!






