ДОНИШҶӮЁНИ ТОҶИК ДАР МАМЛАКАТҲОИ ХОРИҶӢ ТА&#1202СИЛ МЕКУНАНД

Май 14, 2010 08:42

Душанбе,  14 май. (АМИТ «Ховар», Людмила  Дубинина). —  Тибқи  созишномаю  қарордодҳои  дар  соҳаи  маориф   бо  мамлакатҳои  хориҷӣ  имзошуда  соли таҳсили 2010 – 2011  дар  мактабҳои  олии  ин  мамлакатҳо  барои   донишҷӯёни тоҷик  ҷой  ҷудо  карда  мешавад.  Аз  ҷумла,  соли равон  230 донишҷӯи  тоҷик  дар  мактабҳои олии  Федератсияи  Русия  таҳсил  мекунанд.  Аз  ин  ҷумла,  30  нафар  унвони  бакалавр,  18  нафар   унвони  магистр гирифта, 102  нафари  дигар  ихтисосҳои гуногунро  меомӯзанд.  Имсол  дар  мактабҳои  миёнаи  махсуси  Русия  барои донишҷӯёни  тоҷик  47  ҷой  ҷудо  карда шудааст. Вазорати  маорифи  Украина  соли  равон  барои  донишҷӯёни  Тоҷикистон  10  ҷой  ҷудо  карда буд.  Бояд  гуфт, ки  ҷойҳои  мазкур   барои  донишҷӯёне  ҷудо  карда шудааст, ки  украининажод  буда,  дар  Тоҷикистон  зиндагӣ  мекунанд. Имсол  мактабҳои олии  Миср  барои  донишҷӯёни тоҷик  7  ҷой  ҷудо  намуданд. 5  ҷойи  дигар  барои  такмили маҳорат  аз  рӯи  ихтисосҳои  гуногун  пешбинӣ  карда  мешавад.

Май 14, 2010 08:42

Хабарҳои дигари ин бахш

«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Имрӯз дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон борон меборад
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 23 дараҷа гарм мешавад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 19 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад