Э. РАҲМОН БА ОСИФ АЛӢ ЗАРДОРӢ БАРҚИЯИ ТАСАЛЛИЯТ ИРСОЛ НАМУД
29 майи соли 2010 Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Президенти Ҷумҳурии Исломии Покистон Осиф Алӣ Зардорӣ барқияи тасаллият ирсол намуд, ки дар он аз ҷумла, омадааст: Ҷаноби Олӣ, Бо андўҳи бузург ва эҳсоси хашму ғазаб хабари ҳамлаи ифротгароёну террористонро ба масоҷиди Лоҳур дарёфт намудам. Чунин амали даҳшатангези гурўҳи ҳама гуна хислатҳои одамиро гумкарда, ки дар марказҳои маънавию рўҳонии мо рух додаст, сазовори ҷазо ва маҳкумият аст ва бори дигар чеҳраи ғайриинсонии терроризмро ба аҳли олам намудор кардааст. Тоҷикистон ҷонибдори қатъӣ ва усулии саркуб намудан ва решакан кардани ин гуна зуҳуроти манфури глобалӣ буда, дар ин кори хайр аз ҳамкорӣ ва амали муштарак бо Покистони дўст дареғ нахоҳад варзид. Хоҳишмандам ба наздикони қурбоншудагон ва осебдидагон изҳори ҳамдардии моро бирасонед.








«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Имрӯз дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон борон меборад
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!






