«ЕВРОСТАНДАРТСТРОЙ» ТАХТАСАНГҲОИ ХОРО НАСБ МЕНАМОЯД
Душанбе, 4 май.(АМИТ «Ховар», Марзия Саидова).-Дар майдони назди муҷассамаи асосгузори нахустин давлати тоҷикон -шоҳ Исмоили Сомонӣ тахтансангҳои хоро барчида мешавад. Алҳол, дар ин ҷо беш аз 20 нафар сохтмончиёни ширкати «Евростандартстрой» ба чидани тахтасангҳои хоро машғуланд. Аз муассисаи давлатии сарраёсати ободонии Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ дар шаҳри Душанбе ба АМИТ «Ховар» иттилоъ доданд, ки қаблан дар майдони мазкур тахтаҳои бетонӣ насб карда шуда, буд, ки он бар асари сардии аз меъёр зиёди зимистони соли 2008 хароб гардид. Аз ин рӯ, Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе дар ин майдон, ки масоҳаташ 4 ҳазору 50 метри мураббаъро ташкил медиҳад, тахтасангҳои хоро, ки аз Чин ворид карда шудааст, насб менамоянд. Тахтасангҳои хоро устувор ва ба хунукии аз меъёр зиёд тобовар аст. Муассисаи давлатии сарраёсати ободонии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ дар шаҳри Душанбе фармоишгар ва ширкати сохтмонии «Евростандарстрой» пудратчиии корҳои барчидани тахтаҳои санги хоро дар майдони назди муҷассамаи шоҳ Исмоили Сомонӣ мебошанд. Барчидани тахтасангҳои хоро дар асоси Қарори Раиси шаҳри Душанбе сурат гирифта, он то моҳи августи соли ҷорӣ ба анҷом расонида мешавад.








Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон ҳаво то 37 дараҷа гарм мешавад
Дар Бадахшон 1300 километр роҳ дорои аҳаммияти байналмилалӣ мебошад
Имрӯз дар доманакӯҳҳои Тоҷикистон ҳаво то 32 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 35 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда дар назар аст
Алоқа барои донишҷӯён: интернет ва дақиқаҳои зиёд бо 50 сомонӣ дар як моҳ
Дар Ҷамоати деҳоти Равшани ноҳияи Зафаробод корхонаи нави парандапарварӣ бунёд карда шуд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 38 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар доманакӯҳҳои Тоҷикистон ҳаво то 35 дараҷа гарм мешавад
Дар ноҳияи Мастчоҳ ба кӯдакону наврасони ятим туҳфаҳои Президенти Тоҷикистон тақдим гардиданд
Оид ба нақши Абуалӣ ибни Сино дар ташаккули илм ва фарҳанги башарият дар Хадамоти гумруки Тоҷикистон ҳамоиш доир шуд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 39 дараҷа гарм мешавад






