ИДИ АТЛАС ДАР МАРКАЗИ ВИЛОЯТ

Май 4, 2010 10:20

Хуҷанд,  4 май. (АМИТ «Ховар»,  Санавбар  Мақсудова). —  Дар  Қасри  фарҳанги   коҳи  Рӯдакӣ  таҳти унвони  «Атласи тоҷик – 2010»  озмуни  вилоятӣ  баргузор  гардид.  Дар  он  раиси  вилоят Қоҳир  Расулзода  ва  раиси  Кумитаи  занон  ва  оилаи  назди  Ҳукумати  ҷумҳурӣ  Сумангул  Тағоева  ширкат  варзиданд. Озмуни  мазкур  ҳар  сол  гузаронида  мешавад. Қ.Расулзода  дар  назди  ҳозирон  сухан  карда,   гуфт, ки  атлас  яке  аз  рамзҳои   фарҳанги  миллии  тоҷикон  мебошад. Дар Тоҷикистон  атласро  ҳанӯз  дар  асри 4 – уми  пеш  аз  милод  истеҳсол  мекарданд. Шаҳри  Хуҷанд дар  давоми  асрҳои  18 ва  19   яке  аз  марказҳои  истеҳсолкунандаи  матои  атлас  ба шумор  мерафт.  Аввали  асри  20  дар  ин  ҷо  қариб  3  ҳазор  дӯкони  атласбофӣ  амал  мекард, ки  бештар  аз  6000 коргар  дошт.  Мухбири  АМИТ «Ховар»  хабар  медиҳад, ки  ба  иштирокчиёни  ҷамъомад  қариб  300 намуди   либоси  аз атлас  дӯхташуда пешниҳод  карда шуд. 

Май 4, 2010 10:20

Хабарҳои дигари ин бахш

«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Имрӯз дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон борон меборад
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 23 дараҷа гарм мешавад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 19 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад