КӮМАКИ БАШАРДӮСТОНАИ ҚАЗОҚИСТОН БА ТОҶИКИСТОН

Май 4, 2010 10:55

Душанбе,  4 май. (АМИТ «Ховар», Людмила  Дубинина). —   Ҳукумати Ҷумҳурии  Қазоқистон  хоҳиши  Ҳукумати  Тоҷикистонро   ба  инобат  гирифта,  қарор  дод, ки ба  ҷумҳурии  мо  ба  маблағи  341  ҳазору 300   доллари  ИМА кӯмаки башардӯстона  расонад. Бояд  гуфт, ки  Қазоқистон  соли равон  ба  Тоҷикистон  бори дуюм  кӯмаки  башардӯстона  мерасонад. Кӯмаки  аввал  ба  мамлакати  мо  аз 1000  тонна ярмаи  биринҷ ва 1500 тонна равғани наботӣ  иборат  буд. Маблағи  барои  кӯмаки  дуюм  ҷудокардашуда  ояндаи наздик ба  суратҳисоби   махсуси  Агентии захираҳои  моддии   давлатии  назди  Ҳукумати  мамлакат  гузаронида  хоҳад  шуд.   Қайд  кардан  лозим  аст, ки  муносибатҳои  Тоҷикистону  Қазоқистон солҳои охир   муттасил  густариш  меёбанд.  Роҳбарони  ҳар  ду  кишвар   масъалаҳои  муҳимтарини  сиёсию  иқтисодӣ,  фарҳангӣ  ва  ғайраро  бо роҳҳои  мусолиматомез ва  бо назардошти  манфиатҳои  ҳамдигар  ҳаллу  фасл  менамоянд.

Май 4, 2010 10:55

Хабарҳои дигари ин бахш

«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Имрӯз дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон борон меборад
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 23 дараҷа гарм мешавад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 19 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад