КОРХОНАҲОИ КОРКАРДИ НАХИ ПАХТА МЕАФЗОЯД

Май 8, 2010 12:10

Душанбе, 8 май.(АМИТ «Ховар», Марзия Саидова).-«Дар давоми соли 2009 дар ҷумҳурӣ 9 корхонаи саноати сабук ба фаъолият шурӯъ кард», гуфт зимни сӯҳбат ба хабарнигори АМИТ «Ховар», муовини вазири энергетика ва саноати ҷумҳурӣ Маҳмадшариф Сулаймонов. Корхонаҳои саноатии мазкур асосан ба коркарди  нахи пахта махсус гардонидашуда,  дар ноҳияҳои Ёвон, Спитамен ва шаҳри Хуҷанд таъсис дода шудааст. Маҳмадашриф Сулаймонов афзуд, ки алҳол дар бахши саноати сабук  5 барномаи соҳавӣ дар ҷумҳурӣ амал карда истодааст, ки он то соли 2015 татбиқ карда мешавад. Мавсуф, афзуд, ки рушди саноати сабук, бахусус башхи нассоҷӣ дар маркази таваҷҷӯҳи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор дошта, дар мавриди ташкили корхонаҳои саноатӣ, тамъини аҳолии кишвар,  бахусус занону духтарон бо ҷойи кори доимӣ ва баланд бардоштани музди меҳнатӣ онҳо тадбирҳои  мушаххас меандешад. Аз ин рӯ, корхонаҳои саноатие ба кор андохта мешаванд, ки аввалан бояд бозори худро дарёфт намоянд ва дар рушди иқтисодиёт ва баланд бардоштани вазъи иҷтимоии ҷомеа саҳмгузор бошанд.   

Май 8, 2010 12:10

Хабарҳои дигари ин бахш

Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 23 дараҷа гарм мешавад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 19 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад