МАДАД БА НИЁЗМАНДОН
Хоруғ, 28 май. (АМИТ «Ховар», Л.Додо). — Маъмурияти ширкати барқии «Помир энерҷи» сарпарастии бародарони хурдсоли дугоник Ҳасану Ҳусейнро ба зиммаи худ гирифтааст, ки чанд сол пеш дар айёми тифлӣ бо ҳукми тақдир аз падару модар маҳрум гардида буданд. Ҳасану Ҳусейн айни ҳол дар тарбияи модаркалонашон қарор доранд. Маъмурияти ширкат чор сол боз ба онҳо мунтазам кӯмак мерасонад. Намояндагони ширкат зимни боздид аз аҳволи кӯдакон ба онҳо маводи ғизоӣ, либос, бозичаҳои гуногун ва асбобҳои заруртарини рӯзгор тӯҳфа мекунанд. Модаркалони бачагон барои ин аз маъмурияти ширкат миннатдор аст. Намояндагони ширкат чанд рӯз пеш аз аҳволи Ҳасану Ҳусейн хабар гирифта, ба онҳо орду биринҷ, равған ва либосҳои тобистона тӯҳфа карданд.








«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Имрӯз дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон борон меборад
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!






