МАШҚҲОИ МУШТАРАКИ СУХТОРНИШОНӢ ДАР ФУРУДГОҲ
Душанбе, 27 мая. (АМИТ «Ховар» Мавзуна Бойева).- Имрўз дар фурудгоҳи Душанбе машқҳои якҷояи сухторнишонӣ ва наҷотдиҳию таҷлия (эвакуатсия) гузаронида шуд. Дар машқҳои имрўза дастаи сўхторнишонии Корхонаи воҳиди давлатии «Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе» ва Ширкати ҳавопаймоии «Тоҷик эйр» иштирок намуданд. Дар рафти машқҳои сўхторнишонии имрўза дар қатори хомўш намудани сухтори эҳтимолӣ ҳамчунин наҷот додани зарардидагон ва тахлияи нафарони дар ҳалқаи сўхтор дармонда буд. Тавре маълум гардид вазифаҳои ба миёнгузошта дар дараҷаи баланди касбӣ иҷро карда шуд. Дар машқҳои сўхторнишонӣ ҳамчунин дигар хадамоти ёрирасон аз ҷумла кормандони дармонгоҳи Ширкати ҳавопаймоии «Тоҷик Эйр», дастаҳои мудофиаи гражданӣ ва хадамоти амнияти авиатсионии фурудгоҳ ширкат намуданд. Дар рафти амалиёти гузаронидашуда маълум гардид, ки дастаи сўхторхомўшкунии фурудгоҳ ва дигар сохторҳои ёрирасон дар ҳолати омодабош қарор доранд.








«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Имрӯз дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон борон меборад
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!






