МАШВАРАТИ КОРШИНОСОНИ НАҚЛИЁТИ РОҲИ ОҲАН
Душанбе, 28 май. (АМИТ «Ховар», Кристина Эрлих). — 27 май дар шаҳри Одесса машварати ғайринавбатии коршиносони муассисаҳои роҳи оҳани иштирокдори созишномаи тартибу таҳияи сиёсати таарруфаҳо барои соли 2011 ба охир расид. Дар машварат намояндагони муассисаҳои роҳи оҳани Украина, Русия, Озарбойҷон, Белорусия, Арманистон, Гурҷистон, Эстония, Қазоқистон, Қирғизистон, Молдавия, Латвия, Тоҷикистон ва Ӯзбекистон ширкат варзиданд. Аз Тоҷикистон дар машварати мазкур сардори шӯъбаи бозоромӯзӣ, таҳлил ва тартибу таҳияи таарруфаҳои Муассисаи роҳи оҳан Сусанна Хачатурова ва сардори корхонаи воҳиди давлатии «Желдорэкспедитция» Дилоро Раҷабова иштирок доштанд. Дар машварат масъалаҳои гуногуни ҳамкорӣ дар соҳаи нақлиёти роҳи оҳан, тартиби ҳисобу китоби таарруфаҳо барои ҳамлу нақли молу мусофирон ва ғайра мавриди баррасӣ қарор дода шуданд.








«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Имрӯз дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон борон меборад
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!






