МУБОРИЗА БА МУҚОБИЛИ РИШВАХӮРӢ ТАҚВИЯТ МЕЁБАД

Май 29, 2010 10:39

Душанбе,  29 май. (АМИТ «Ховар»). —  Рӯзҳои  27 – 28  май  дар  шаҳри  Алмаато  маҷлиси  12 – уми  Шӯрои  ҳамоҳангсози  роҳбарони  мақомоти  тафтишоти  андози   давлатҳои  ИДМ баргузор  гардид.  Дар  он  роҳбарону  намояндагони  11 мамлакати  ИДМ  ва  Балтика  ширкат  варзиданд. Маҷлис   таҳти раёсати  муовини  вазири   корҳои  дохилии  Федератсияи  Русия  Евгений Школов   баргузор  гардид. Иштирокчиёни  маҷлис  қарор  доданд, ки   барои  афзунтар  гардондани  самараи   ҳамкорӣ  ва   пешгирии  фаъолияти  гурӯҳҳои  ҷинояткор,  аз  ҷумла  дар  минтақаҳои  наздисарҳадӣ  гурӯҳҳои  муштараки   зудамали  тафтишотӣ  ташкил  намоянд. Инчунин   ҳамкории   муассисаҳои  тафтишоти  андози  мамлакатҳои  иттиҳод барои  кам  кардани  саҳми  иқтисодиёти  ғайриқонунӣ,   пурзӯр  намудани   мубориза ба  муқобили   қонунӣ  гардонидани  маблағҳои   бо  роҳҳои  ҷиноӣ  бадастовардашуда,  вазъияти  имрӯзаи   мубориза ба  муқобили  ришвахӯрӣ  дар  давлатҳои  иттиҳод,  амалӣ  сохтани талаботи   қатъномаи  СММ ба  муқобили  ришвахӯрӣ,  терроризми  молиявӣ  ва  ғайра  мавриди баррасӣ  қарор  дода шуданд.  Дар  маҷлис   зарурати  дастраси  ҳамдигар  гардонидани  маълумот  дар  соҳаи   мубориза ба  муқобили  таъминоти  молиявии  гурӯҳҳои  ифротӣ  ва террористӣ  дар  қаламрави  ИДМ  таъкид  карда шуд.  

Май 29, 2010 10:39

Хабарҳои дигари ин бахш

13 июл дар якчанд вазорату идора нишасти матбуотӣ баргузор мешавад
Камтар гап мезанем, бештар менависем: чӣ гуна завқи муштариён тағйир меёбад
Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон ҳаво то 28 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар якчанд вазорату идора нишасти матбуотӣ баргузор мешавад
Пагоҳ дар якчанд вазорату идора нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
«КИШВАРИ САБЗ». Соли 2026 дар Тоҷикистон беш аз 3,7 миллион ниҳоли дарахтони ҳамешасабз ва сояафкану ороишӣ шинонида шуд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 38 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар якчанд вазорату идора нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
Пагоҳ дар якчанд вазорату идора нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
Дар «Офтобак»-и шаҳри Норак 100 кӯдак ба истироҳат фаро гирифта шуданд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 41 дараҷа гарм мешавад
8 июл дар якчанд вазорату идора нишасти матбуотӣ баргузор мешавад