МУБОРИЗА БО УСУЛИ БОБОӢ
Душанбе, 25 май. (АМИТ «Ховар», Лаззат Диловарзод).- Бино ба иттилои сардори корхонаи воҳиди давлатии «Мубориза бо малах» -и Вазорати кишоварзии ҷумҳурии Тоҷикистон Қиёмиддин Ғаниев, дар 52,6 ҳазор гектар замини 33 ноҳияи ҷумҳурӣ ҳашароти зараррасон, аз ҷумла малахи марокашӣ таҳдид ба кишти зироатҳо дорад. Айни замон дар ноҳияҳои Истаравшан, Зафаробод ва Ғончии вилояти Суғд дар майдони 2 ҳазор га (1 ҳазор гектари он бо химикатҳо коркард шудааст), малах паҳн гаштааст, ки ҳанӯз хавфи паҳншавии он аз байн нарафтааст, ҷойи аз ҳама бештар паҳн шудаи малах ноҳияҳои Вахшу Хуросони вилояти Хатлон ва Ҳисору Турсунзода дар ноҳияҳои тобеи марказ мебошад. Ҳоло тамоми техника ва қувваи корӣ барои нест кардани малах сафарбар карда шудааст, аммо бо сабаби ворид нашудани заҳрхимикатҳо тавассути қатораҳои дар сарҳади Ӯзбекистон буда, нест кардани малахро бо усули бобоӣ (дуд карда ба хандақҳо андохта нобуд кардан) тавассути ҳашар аз байн бурданианд. Дар ноҳияҳои Хуросону Вахш малах ба палаки харбузаю тарбузи киштшуда ҳуҷум меорад. Мардум ҳам шабро шабу рӯзро рӯз нагуфта, барои нест кардани малах аз тамоми имкониятҳо истифода мекунанд, то ҳосили киштаашон барбод наравад.








Вакили Маҷлиси намояндагон бо фаъолони ноҳияи Шамсиддин Шоҳин вохӯрӣ намуд
Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 26 август, чоршанбе, 238-умин рӯзи соли 2026 аст
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон ҳаво то 37 дараҷа гарм мешавад
Дар Бадахшон 1300 километр роҳ дорои аҳаммияти байналмилалӣ мебошад
Имрӯз дар доманакӯҳҳои Тоҷикистон ҳаво то 32 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 35 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда дар назар аст
Алоқа барои донишҷӯён: интернет ва дақиқаҳои зиёд бо 50 сомонӣ дар як моҳ
Дар Ҷамоати деҳоти Равшани ноҳияи Зафаробод корхонаи нави парандапарварӣ бунёд карда шуд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 38 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар доманакӯҳҳои Тоҷикистон ҳаво то 35 дараҷа гарм мешавад






