МУЛОҚОТИ Ҳ. ЗАРИФӢ БО К. САУДАБАЕВ
Душанбе, 20 мая. (АМИТ «Ховар», Покиза Маҳмадбекова). — Дар ҳошияи ҷаласаи 37-уми Шўрои вазирони корҳои хориҷии кишварҳои аъзои Созмони Конфронси Исломӣ мулоқоти Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси ҷаласаи 37-уми Шўрои вазирони корҳои хориҷии кишварҳои аъзои Созмони Конфронси Исломӣ Ҳамрохон Зарифӣ бо Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Қазоқистон, Раиси амалкунандаи Созмони Амният ва Ҳамкорӣ дар Аврупо Канат Саудабаев баргузор гардид. Тавре ба мухбири АМИТ «Ховар», аз Вазорати корхои хориҷии ҷумхурӣ иттилоъ доданд, Ҳамрохон Зарифӣ Раёсати Ҷумҳурии Қазоқистонро дар Созмони Амният ва Ҳамкорӣ дар Аврупо тамоюли нав дар таърихи ин созмон номида, дастгирии Тоҷикистонро аз иқдомҳои Қазоқистон, аз ҷумла баргузор намудани саммити САҲА дар Остона таъкид намуд. Канат Саудабаев ҷониби Тоҷикистонро ба муносибати доир намудани ҷаласаи 37-уми Шўрои вазирони корҳои хориҷии кишварҳои аъзои Созмони Конфронси Исломӣ ва раёсати ин созмонро бар дўш гирифтанаш табрик гуфта, ба сатҳи қабули ҳайатҳо ва ташкили кори ҷаласа баҳои баланд дод. Сипас ҷонибҳо доираи васеи масъалаҳои ҳамкориҳои ду кишвар дар доираи Созмони Конфронси Исломӣ ва Созмони Амният ва Ҳамкорӣ дар Аврупо, ҳамкориҳои ин ду созмони бонуфузи байналмилалӣ дар давраи раёсати Тоҷикистону Қазоқистон дар онҳо, масъалаҳои минтақа, вазъияти Афѓонистон ва дигар мавзўъҳои мавриди таваҷҷўҳи ҷонибҳо муҳокима шуданд. Ҷонибҳо аз дастгирии ҳамдигар дар ин созмонҳо ва дигар ташаббусҳо изҳори қаноатмандӣ намуда, изҳор доштанд, ки чунин ҳамдигарфаҳмӣ аз муносибатҳо дар сатҳи роҳбарони давлат сарчашма мегирад ва ба дар давраи бисёр ҳам пурмасъулият – бар дўш доштани раёсати ин созмонҳои байналмилалӣ қумак хоҳад кард. Вазири корҳои хориҷии Қазоқистон аз ҳамтои худ даъват ба амал овард, ки ба Ҷумҳурии Қазоқистон сафари расмӣ сурат диҳад.








Вакили Маҷлиси намояндагон бо фаъолони ноҳияи Шамсиддин Шоҳин вохӯрӣ намуд
Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 26 август, чоршанбе, 238-умин рӯзи соли 2026 аст
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон ҳаво то 37 дараҷа гарм мешавад
Дар Бадахшон 1300 километр роҳ дорои аҳаммияти байналмилалӣ мебошад
Имрӯз дар доманакӯҳҳои Тоҷикистон ҳаво то 32 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 35 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда дар назар аст
Алоқа барои донишҷӯён: интернет ва дақиқаҳои зиёд бо 50 сомонӣ дар як моҳ
Дар Ҷамоати деҳоти Равшани ноҳияи Зафаробод корхонаи нави парандапарварӣ бунёд карда шуд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 38 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар доманакӯҳҳои Тоҷикистон ҳаво то 35 дараҷа гарм мешавад






