МУЛОҚОТИ Э. РАҲМОН БО АҲМАД ВАҲИДИ
13 майи соли 2010 Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон Вазири мудофиа ва пуштибонии Нерўҳои Мусаллаҳи ҷумҳурии Исломии Эрон Аҳмад Ваҳидиро, ки бо сафари расмӣ ба Тоҷикистон ташриф овардааст, ба ҳузур пазируфт. Дар мулоқот масоили вобаста ба муносибатҳои рушдёбандаи ду кишвар баррасӣ шуд. Ба тақвияти бештару фарохи ҳамкории гуногунҷанбаи Тоҷикистону Эрон, аз ҷумла ҳамкории низомию техникӣ изҳори ҳавасмандӣ карда шуд. Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон аз сатҳ ва мазмуни ҳамкории мавҷуда бо Эрон, аз ҷумла аз фаъолияти корхонаҳои муштараки Тоҷикистону Эрон изҳори қаноатмандӣ карда, идораҳои дифоии ду кишварро ба густариши бештари ҳамкории низомӣ-техникӣ ҳидоят намуд. Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» аз Хадамоти матбуоти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ доданд.








Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад






