МУЛОҚОТИ РАИСИ ВИЛОЯТ БО СОКИНОНИ МАҲАЛЛӢ

Май 28, 2010 12:52

Бобоҷон  Ғафуров,  28 май. (АМИТ «Ховар»,  Санавбар  Мақсудова). —  Раиси вилояти  Суғд  Қоҳир  Расулзода  27  май  дар  бинои  мақомоти  иҷроияи  Ҳокимияти  давлатии  ноҳияи Бобоҷон Ғафуров 164  сокини  маҳаллиро  қабул  карда,  аз  мушкилоти  зиндагии  онҳо  воқиф  гардид.  Дар  мулоқот   роҳбарони  ташкилоту  муассисаҳои   вилоятӣ ва  маҳаллӣ  ширкат  варзиданд. Муроҷиати  шаҳрвандон  асосан   ба  масъалаҳои  беҳтар  сохтани  таъминоти  қувваи  барқ,  об,  ҷудо  кардани қитъаҳои  замин,  сохтмону таъмири  муассисаҳои  маорифу  тандурустӣ,  фарҳангӣ,  беҳтар  сохтани  сифати роҳҳои  мошингард,   расонидани   кӯмаки  моддӣ  ба  ниёзмандон ва  ғайра  марбут  буд. Мухбири  АМИТ «Ховар»  хабар  медиҳад, ки  қариб  40  фоизи  проблемаҳои  бамиёнгузоштаи  корафтодагон дар  ҷараёни  мулоқот   ҳал  карда шуд.  Аз  ҷумла,  бо  супориши раиси  вилоят  ба  16  нафар  кӯмаки  моддӣ расонида  мешавад.  9  нафари  дигар  саломатии  худро   дар  муассисаҳои тиббӣ  бепул  барқарор  мекунанд, ба роҳбарони  муассисаҳои  энергетикӣ супориш дода шуд, ки  дар баъзе  деҳаҳои  ҷамоатҳои  Ёва  ва  Унҷи  трансформаторҳои  иловагии  барқӣ  насб  кунанд. Қ.Расулзода  хабар  дод, ки барои  истифодаи оби  канали Хоҷабоқирғон  дар  фасли  зимистон  аз  захираҳои  маҳаллӣ  ва  сармояи  созмонҳои  байналхалқӣ  истифода бурда  мешавад. Дар  ноҳия  бо  кӯмаки раиси  вилоят  дар  давоми   як соли охир 13  мактаб аз  вагонҳо  ва  хонаҳои шахсӣ  бароварда шуд. Тибқи  барномаи  махсус  ояндаи  наздик  дар  мактабҳои  вилоят  толорҳои  варзишӣ  ва  майдончаҳои  варзишӣ  сохта  мешаванд.  Қайд  карда  шуд, ки  айни  ҳол   аз  860 мактаби  вилоят 503  мактаб толори  варзишӣ  надорад. Зимни  мулоқот   пешниҳод  шуд, ки   барои  сохтмони  боғчаҳои  бачагона  на танҳо  аз буҷети   вилояту  ноҳия,  балки  аз  маблағи   соҳибкорону  тоҷирон  истифода бурда  шавад. Ноҳияи  Бобоҷон  Ғафуров  яке  аз  ноҳияҳои  калонтарини  ҷумҳурӣ  буда,  бештар  аз   300 ҳазор  нуфус  дорад. Нақшаи  қисмати  даромади  буҷети  ноҳия  дар  давоми  чор  моҳи  аввали  соли  равон  ба  маблағи бештар  аз  як  миллион  сомонӣ зиёд иҷро  карда шуд.  Қ.Расулзода  зикр  кард, ки   дар  давоми  18  соли охир  дар  ноҳия  барои  сохтмони  манзил  қитъаҳои  замин  ҷудо  карда нашудааст. Қайд  карда шуд, ки ҳукумати  мамлакат   бояд  рӯзҳои  наздик  барои  ҷудо  кардани  1500 гектар  аз  ҳисоби  чарогоҳҳо  ва  заминҳои  лалмӣ  бо  мақсади ҷудо  кардани  замин  барои  сохтмони  манзил  ҳуҷҷатҳои  заруриро  имзо  кунад. Бояд  гуфт, ки  ноҳияи Бобоҷон  Ғафуров  то  ҳол  на  театр  дораду  на Қасри  фарҳанг ва на  Маркази  ҷавонон,  Қ.Расулзода ба  шахсони  масъул  супориш  дод, ки  то  охири  сол  нақшаи  сохтмони  маркази  фарҳангии  ноҳияро  таҳия  намуда,   пешниҳод  кунанд.

Май 28, 2010 12:52

Хабарҳои дигари ин бахш

Сокини ноҳияи Кӯшониён аз ҳар қуттӣ кирмак то 35 килограмм пилла ба даст меорад
Имрӯз дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон борон меборад
Имрӯз дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон рӯзона борони кӯтоҳмуддат меборад
Дар шаҳри Бӯстон доир ба татбиқи лоиҳаҳои муштараки иҷтимоӣ бо соҳибкорон вохӯрӣ баргузор шуд
Дар даҳсолаи охир дар ҷаҳон шумораи одамони бо гуруснагии фалокатбор рӯбарӯ нуҳ маротиба афзоиш ёфтааст
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 29 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Озмуни ҷумҳуриявии «Ҷавонон муқобили коррупсия» баргузор мешавад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 28 дараҷа гарм мешавад
Дар Душанбе маркази муосири телефонҳои мобилӣ ва фурӯши чиптаҳои ҳавопаймоии «Real Phone» ифтитоҳ гардид
Имрӯз дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон бориши борон пешгӯӣ мешавад
Мусобиқаи кӯдаконаи «МегаФон Life дар сабки футбол»: мавсими 2026 дар марҳилаи оғозёбӣ қарор дорад!