НУТҚИ МУБОРАКБОДИИ Э.РАҲМОН ДАР МУЛОҚОТИ КОРШИНОСОНИ СҲШ
Дӯстони азиз, басо фараҳмандам, ки ҳамаи Шумо – иштирокчиёни мулоқоти панҷуми коршиносони мамлакатҳои аъзои Созмони ҳамкории Шанхайро «хайра мақдам» мегӯям. Бояд гуфт, ки мулоқоти мазкур бори аввал дар пойтахти Ҷумҳурии Тоҷикистон — шаҳри Душанбе баргузор мегардад. Ташкили мулоқоти коршиносони мамлакатҳои аъзои СҲШ ба он вобастааст, ки аз рӯзҳои аввали таъсиси созмон дар соли 2001 зарурати воқеии дарки амиқ ва таҳлили ҳамаҷонибаи ҳамаи омилҳои ба фаъолияти созмон таъсиркунанда ба миён омада буд. Хурсандиовар аст, ки доираҳои илмии ҳамаи давлатҳои аъзои созмон ба он дар давраи ба роҳ мондани фаъолияташ кӯмаки калони амалӣ расониданд ва зарурати идома ва тавсиаи таҳкиқоти илмӣ дар соҳаҳое, ки СҲШ ба онҳо манфиат дорад, аз ҳамин ҷо бармеояд. Мулоқоти коршиносон барои мубодилаи зеҳнӣ ва роҳу воситаҳои таҳлили илмӣ, таҳқиқ ва машварат заминаи мусоид буда, дар рушди фаъолияти Созмони ҳамкории Шанхай нақши муҳим мебозад. Тоҷикистон минбаъд ҳам дар ин мулоқот фаъолона ширкат варзида, тадбирҳои таҳкими имкониятҳо ва вусъати равобити берунии онро дастгирӣ хоҳад кард. Фаъолияти Созмони ҳамкории Шанхай дар шароити имрӯза муттасил густариш ёфта, боварии мутақобила ба он дар асоси «рӯҳияи Шанхай» торафт меафзояд, ҳамкории мамлакатҳои аъзои созмон торафт вусъат ёфта, Созишномаи дарозмуддати ҳусни ҳамҷаворӣ, дӯстӣ ва ҳамкорӣ дар амал татбиқ карда мешавад. Равобити байналмилалии созмон рӯз то рӯз вусъат ёфта, теъдоди бештари мамлакатҳо ба фаъолияти созмон мароқи калон зоҳир намуда, мехоҳанд узви комилҳуқуқи он гарданд. Идомаи ин тамоили мусоид ва афзун гардонидани имкониятҳои созмон барои ҳимояи манфиатҳои олии халқҳои мо вазифаи дорои аҳамияти аввалиндараҷа ва ҳадафи ғамхории ҳамешагии давлатҳои аъзо мебошад. Дар баробари ин, тағйироту дигаргуниҳои ҷаҳони имрӯза, бешубҳа ба фаъолияти созмон таъсири муайян мерасонанд. Таваҷҷӯҳи рӯзафзуни қувваҳои беруна ба қаламрави СҲШ, тақвияти омилҳое, ки ба амният ва суботи вазъияти минтақа, пеш аз ҳама ба Осиёи Марказӣ таъсир мерасонанд, ба ин равшан шаҳодат медиҳанд. Ҳамаи ин нуктаҳо бо назардошти таъсири бӯҳрони шадиди ҷаҳонии молиявию иқтисодӣ таҳлилу таҳқиқ ва дарки илмӣ, инчунин муқаррар намудани муносибатҳои дахлдорро барои созмон тақозо мекунанд. Рӯзномаи мулоқоти имрӯза масъалаҳои ҷорӣ ва дурнамои вобаста ба ҷанбаҳои гуногуни замони муосирро дар бар мегирад. Боварӣ дорам, ки дар мулоқоти имрӯза пешниҳодҳо ва мулоҳизаҳои ҷолиби диққат ва пурбаҳо ба миён гузошта мешаванд ва ҳадафи онҳо сифатан беҳтар намудани ҳамкорӣ дар доираи Созмони ҳамкории Шанхай мебошад. Ба ҳамаи Шумо дар ин кори хайр барору комёбиҳои нав орзумандам. авобити байналмилал Эмомалӣ Раҳмон ш. Душанбе, 13 майи соли 2010








Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 26 август, чоршанбе, 238-умин рӯзи соли 2026 аст
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон ҳаво то 37 дараҷа гарм мешавад
Дар Бадахшон 1300 километр роҳ дорои аҳаммияти байналмилалӣ мебошад
Имрӯз дар доманакӯҳҳои Тоҷикистон ҳаво то 32 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 35 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда дар назар аст
Алоқа барои донишҷӯён: интернет ва дақиқаҳои зиёд бо 50 сомонӣ дар як моҳ
Дар Ҷамоати деҳоти Равшани ноҳияи Зафаробод корхонаи нави парандапарварӣ бунёд карда шуд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 38 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар доманакӯҳҳои Тоҷикистон ҳаво то 35 дараҷа гарм мешавад
Дар ноҳияи Мастчоҳ ба кӯдакону наврасони ятим туҳфаҳои Президенти Тоҷикистон тақдим гардиданд






