ОМӮЗИШИ ИХТИСОСИ ОРТОПЕДӢ — ПРОТЕЗӢ

Май 25, 2010 09:41

Душанбе, 25 май.(АМИТ «Ховар», Марзия Саидова).-Қарор аст, ки нимаи дуюми моҳи июн ду нафар шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон тариқи озмун барои  таҳсил аз рӯи ихтисоси технологи ортопедӣ-протезӣ ба Ҷумҳурии Исломии Эрон фиристонида мешаванд. Ин ва дигар масъалаҳои тақвияти ҳамкорӣ зимни мулоқоти Вазири меҳнат ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Маҳмадамин Маҳмадаминов бо директори  лоиҳаи Кумитаи байналмилалии Салиби Сурх Дидер Рик дар Душанбе баррасӣ гардиданд Назар  ба иттилои сардори шӯъбаи робитаҳои байналмилалӣ ва  ҷамъиятии Агентии давлатии ҳифзи иҷтимоӣ, шуғли аҳолӣ ва муҳоҷират Абдулло Қодирӣ,  мусоҳибон ҳамчунин, масъалаи тармиму бозсозии бинои заводи  ортопедию протезӣ ва муассисаҳову хона-  интернатҳое, ки тобеи Вазорати меҳнат ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии ҷумҳурӣ мебошанд, муҳокима намуданд.  

Май 25, 2010 09:41

Хабарҳои дигари ин бахш

«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Имрӯз дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон борон меборад
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 23 дараҷа гарм мешавад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 19 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад