ОЗМУНИ «ОРИФОН»
Фархор, 24 май. (АМИТ «Ховар», Сулаймон Холов). — Масъулини шӯъбаи маорифи ноҳияи Фархор бахшида ба рӯзи маориф ва фарҳанги техникӣ озмуни «Орифон»- ро дар байни 68 макотиби таҳсилоти умумии ноҳия роҳандозӣ кард. Мудири шӯъбаи маорифи ноҳия Шамсиддин Сафаров вобаста ба ин мавзӯъ гуфт, ки мақсад аз гузаронидани ин озмун баланд бардоштани савияи дониши хонандагон ва дар рӯҳияи ватандӯстӣ тарбия намудани онҳо мебошад. Сафаров афзуд, озмун ба тариқи саволу ҷавоб гузаронида шуда дар натиҷа аз фанни математика Беҳрӯз Қаландаров хонандаи синфи 11- и мактаби № 10 бо медали биринҷӣ, аз фанни биология Акмали Давлаталӣ хонандаи синфи 11-и мактаби № 21 бо медали тилло, аз фанни компютер Қудратулло Азизов хонандаи синфи 11- мактаби № 6 бо медали нуқра аз тарафи вазири маорифи ҶТ қадр карда шуданд. Мавриди зикр аст, ки айни ҳол байни макотиби таҳсилоти умумии ноҳия озмуни «Ҳамадон» дар се давр роҳандозӣ карда шудааст, ки дар он беш аз 82 хонанда ширкат варзида истодаанд. Дар ин озмун Юсуф Салимов хонандаи синфи 10-и мактаби № 24 ғолиби озмун дониста шуда аз тарафи кумитаи ҷавонон варзиш ва сайёҳии ноҳия ба маблағи 50 сомонӣ мукофот дода шудааст.








«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Имрӯз дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон борон меборад
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!






