ПАРЛУМОНИ ТОҶИКИСТОН СОЗИШНОМА ОИД БА ЭКСТРАДИТСИЯРО БО ЭРОН БА ТАСВИБ МЕРАСОНАД

Май 24, 2010 15:51

Душанбе, 24 май.(АМИТ «Ховар», Марзия Саидова).-Лоиҳаи Қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани  тағйирот ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2010», «Дар бораи рӯзҳои ид», Дар бораи ворид намудани тағйирот ба Кодексҳои  ҳуқуқвайронкунии  маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Кодекси меҳнати Ҷумҳурии Тоҷикистон,  аз масъалаҳое буданд, ки дар ҷаласаи Шӯрои палатаи поёнии парлумони Тоҷикистон, ки 25 май дар ҳузури Раиси Маҷлиси  намояндагон Шукурҷон Зуҳуров баргузор шуд,  баррасӣ гардиданд. Дар ҷаласа ҳамчунин Созишномаи байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Исломии Эрон оид ба эктрадитсия, Созишномаи ҳамкорӣ дар соҳаи ошкор намудан ва бастани роҳҳои воридшавии шахсони фаъолияти  террористӣ, ҷудоихоҳӣ ва экстримистӣ алоқаманд ба қаламрави давлатҳои аъзои Созмони Ҳамкории Шанхай муҳокима шуданд. Раисони  Кумитаҳои Маҷлиси намояндагон Сафаралӣ Раҷабов ва Маҳмадалӣ Ватанов зимни шарҳи Созишномаҳои мазкур зикр карданд, ки ин санадҳои байнидавлатӣ ба таҳкими ҳамкории мутақобилан судманди Тоҷикистону Эрон ва давлатҳои СҲШ дар бахши эктрадитсия ва тақвияти муборизаи муштарак алайҳи терроризм, ҷудоихоҳӣ, ифротгароӣ ва таъмини амнияти сартосарӣ дар қаламрави кишварҳои аъзои СҲШ нақш муассир мегузоранд.

Май 24, 2010 15:51

Хабарҳои дигари ин бахш

«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Имрӯз дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон борон меборад
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 23 дараҷа гарм мешавад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 19 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад