ПАЁМ – РАҲНАМОИ ФАЪОЛИЯТ

Май 28, 2010 09:05

Душанбе, 28 май. (АМИТ «Ховар», Лаззат Диловарзод).-  Паёми навбатии Президенти кишвар ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун дастур ва раҳнамо дар соҳаҳои фаъолияти корхонаю муассиса, вазорату идораҳо қабул гардидааст. Имрӯз омили баланд бардоштани сатҳи хизматрасонии тибби хусусӣ дар кишвар   аз  мазмун ва мундариҷаи Паём ва дарки он дар ҳаёти ҷомеа вобаста аст.           Вобаста ба нуқтаҳои алоҳидаи паёмҳои ҳарсолаи Сарвари давлат ба Маҷлиси Олии Ҷӯмҳурии Тоҷикистон даҳҳо асноди ҳуқуқӣ қабул ва амалӣ мегардад. Табобатгоҳи ибни Синои шаҳри Душанбе яке аз он табобатгоҳҳои хусусие  мебошад, ки дар  асоси асноди ҳуқукию меъёрии қабулшудаи яке аз ин паёмҳо    таъсис ёфтааст. Табобатгоҳи мазкур дар асоси талаботи шароитҳои тибби ҷаҳони муосир сохта шудааст. Ин муассисаи табобатӣ баробари шифо бахшидан ба беморон,  маркази такмили ихтисоси табибону донишҷӯён низ маҳсуб мешавад.     Бо мақсади бозомӯзии табибону донишҷӯён дар ин муассисаи табобатӣ курсҳои такмили ихтисос кушода шуда, ҳар рӯз ду гурӯҳи донишҷӯёни Донишгоҳи Давлатии ба номи Абӯалӣ ибни Сино аз техника ва технологияи тибби муосир тавассути ин табобатгоҳ ошноӣ пайдо карда, онро дар фаъолияти минбаъдаи худ, ки аз Паём бар меояд,  ба нафъи мардум истифода мекунанд.  

Май 28, 2010 09:05

Хабарҳои дигари ин бахш

«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Имрӯз дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон борон меборад
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 23 дараҷа гарм мешавад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 19 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад