ПАЁМИ ПРЕЗИДЕНТРО МЕОМӮЗАНД

Май 13, 2010 11:31

Хоруғ,  13 май. (АМИТ «Ховар», Л.Додо). —  Омӯзиши  Паёми  Президенти  ҷумҳурӣ  Эмомалӣ  Раҳмон  ба  Маҷлиси  олии ҷумҳурӣ  дар  саросари  кишвар  давом дорад. Чанд рӯз  пеш  омӯзгорону талабагони  мактаби  миёнаи  № 25 – уми  ноҳияи  Шуғнон   паёми  мазкурро  зимни  ҷамъомади  умумӣ  ҳадафи омӯзиш  қарор  доданд. Қайд  карда шуд, ки   омӯзгорон, талабагон  ва донишҷӯёни  мактабҳои мамлакат  низ  бояд  паёми  Президенти  ҷумҳуриро  мавриди  омӯзиши  ҳамаҷониба  қарор  диҳанд. Зеро  он  барномаи  мукаммали  дурнамои  тамоми  соҳаҳои  иқтисодиёти  мамлакат,  аз  ҷумла,  маориф  мебошад. Дар  паём  ба  масъалаҳои  тайёр  намудани  кадрҳои  баландихтисоси   соҳаи  маориф,  афзун  гардонидани  масъулияти  кормандони  соҳа  ба  хотири  фардои  халқу  ватан  аҳамияти  махсус дода  мешавад. Ҳадафи  асосии  мо  дар  ин  самт  ҳар чӣ  беҳтар таъмин  намудани  ҳифзи  иҷтимоии  мардум  ва  равнақу  ривоҷи  бештари  соҳаҳои  маорифу тандурустӣ  ва  вусъат  додани  шабакаи технологияҳои  иттилоотӣ  мебошад. Дар  замина  бояд  барои тарбияи  кӯдакону  наврасони  солим, таҳсили  ҳамаҷонибаи  ҷавонон  ва  тарбияи  мутахассисони  ба талаботи  замон  ҷавобгӯ  шароити  мусоид  муҳайё  карда  шавад, гуфта  шудааст дар  паём. Сардори  давлат  таъкид  менамояд, ки   дар  масъалаи  тарбияи  мутахассисони  ҷавон  омӯзиши  забонҳои  хориҷӣ  аҳамияти  калон  дорад. Ҷавонони  мо  бояд  пеш  аз  ҳама  забонҳои русию  англисиро  хуб  омӯхта,   малакаи  хуби  кор  бо  компютерро  дошта  бошанд. Дар  паёми  сардори  давлат  қайд  карда  мешавад: «Дар  ҷаҳони  муосир   кишваре  ба  дастовардҳои  бузург  ноил  мегардад, ки  ба  боло  бурдани  сатҳи  фарҳангу  маърифат  дар  ҷомеа  таваҷҷӯҳи  махсус  зоҳир  карда,  техникаю  технологияи  навро  ба таври  васеъ  истифода  мебарад». Президенти  ҷумҳурӣ  зимни  суханронии  худ  дар  бораи  зарари  телефонҳои  мобилӣ  муфассал  сухан  ронд.  Ҳоло  ҳар  рӯз  мутахассисони  соҳаи  тиб  тавассути барномаҳои  телевизионӣ  зарари  телефонҳои  мобилиро  ба  саломатии  инсон  ва  хусусан  ҷавонон  таъкид  менамоянд.  Талабагон ва  донишҷӯён  бояд  бештар  ба  донишомӯзӣ  машғул  шаванд, онҳо набояд  вақти  худро  бо  бозиҳои телефонӣ  ё  сӯҳбатҳои беҳуда  сарф  кунанд.  Хароҷоти  як  телефонии  мобилӣ  дар  давоми  моҳ  50  сомонӣ  ва дар  давоми  сол  бештар  аз  600 сомониро ташкил  медиҳад. Мо  аз  ҷавонон  умеди  калон  дорем,  зеро  дар оянда  масъулияти  идораи  давлат  ва рушди  иқтисодиёти  кишвар  ба  зиммаи онҳо  гузошта  мешавад», — гуфта  мешавад  дар  паёми  Президент. Дар  ҷамъомади омӯзгорону  талабагони  мактаб  барои  амалӣ  сохтани  нуктаҳо  ва  талаботи  Паёми  Президент  нақшаи тадбирҳо тартиб дода шуд.

Май 13, 2010 11:31

Хабарҳои дигари ин бахш

Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 23 дараҷа гарм мешавад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 19 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад