РАИСОНИ ШАҲРУ ВИЛОЯТҲО АЗ ПРОБЛЕМАҲОИ СОКИНОНИ МАҲАЛЛӢ ОГОҲ МЕШАВАНД
Қӯрғонтеппа, 4 май. (АМИТ «Ховар», Мурод Сотиев). — Раисони ҳамаи шаҳру ноҳияҳои вилояти Хатлон тӯли рӯзҳои гузашта мувофиқи тавсияҳои Президенти ҷумҳурӣ сокинони маҳаллиро қабул карда, бо аризаю шикоят ва проблемаҳои зиндагии онҳо шинос гардиданд. Роҳбари дастгоҳи раиси ноҳияи Хуросон ба мухбири АМИТ «Ховар» хабар дод, ки раиси ноҳия Ғаффор Самадов рӯзи шанбе 17 сокини маҳаллиро қабул кард. Ғ.Самадов баъди анҷоми қабул ба хабарнигорон гуфт, ки 6 нафар роҷеъ ба масъалаҳои ҷудо кардани қитъаи замин, 5 нафар роҷеъ ба масъалаи хусусӣ гардонидани моликият, 5 нафар дар масъалаи гирифтани сертификати истифодаи замин ва як нафар дар масъалаи ташкили хоҷагии деҳқонӣ муроҷиат намуданд. Дар ноҳияи Бохтар зимни қабули сокинони маҳаллӣ аз тарафи раиси ноҳия Абдуалим Исмоилов роҳбарони ташкилоту муассисаҳои ноҳия ҳузур доштанд. Ҳамон рӯз 19 нафар сокинони ноҳия мушкилоти худро ҳаллу фасл намуд. Мухбири АМИТ «Ховар» хабар медиҳад, ки раиси ноҳияи Бохтар сокинони маҳаллиро ҳар ҳафта рӯзи душанбе қабул мекунад. Дар ноҳияи Вахш 19 сокини маҳаллӣ дар масъалаҳои ҷудо кардани қитъаи замин, таъминоти об ва ташкили хоҷагиҳои деҳқонӣ ба раиси ноҳия Шодӣ Мӯсоев муроҷиат намуданд. Қайд карда мешавад, ки раисони ҳамаи шаҳру ноҳияҳои вилоят ҷадвали гузаронидани қабул ва мулоқот бо сокинони маҳаллиро тартиб додаанд. Акнун мулоқоту вохӯриҳои роҳбарони шаҳру ноҳияҳо бо сокинони маҳаллӣ мунтазам гузаронида мешаванд.








«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Имрӯз дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон борон меборад
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!






