РАСМИ ГУЗАШТИ НИЗОМӢ ДАР БОҒИ ҒАЛАБА

Май 7, 2010 11:14

Душанбе,  7 май. (АМИТ «Ховар»,  Наталя  Михайлова). —  Субҳи  имрӯз  дар  Боғи  Ғалабаи  пойтахт ба  муносибати 65 – солагии Ғалабаи  халқҳои  шӯравӣ  дар  Ҷанги  Бузурги  Ватании  солҳои 1941 – 1945   ҷамъомади  идона  ва  расми  гузашти  низомӣ баргузор  гардид. Дар назди  ҳозирон  Президенти  ҷумҳурӣ,  сарфармондеҳи  олии  қувваҳои  мусаллаҳи  мамлакат  Эмомалӣ  Раҳмон  сухан  кард. Вай  зикр  намуд, ки  халқи  шарафманди  тоҷик  имрӯз  ҳамроҳи  ҳамаи   халқҳои  дигар   иди  Ғалабаро  бо  камоли  сипосу  миннатдорӣ  аз   қаҳрамониҳои  ҷангӣ  ва  фидокории  фарзандони  ватани  худ  ҷашн  гирифта,  хотири онҳоеро  пос  медорад, ки   дар   муҳорибаҳои  ҷанг  ҳалок гардиданд. Э.Раҳмон  таъкид  намуд, ки Ҷанги  дуюми  ҷаҳон  фоҷиаи  бузурги  инсоният буд. Дар он  тақрибан  72   давлати  хурду  калон  иштирок  дошт.  Дар натиҷаи  ҷанг  зиёда  аз 55  миллион  нафар  кушта,  садҳо  миллион  нафари дигар  маҷрӯҳ  шуд,  ҳазорон  шаҳрҳои  хурду  калон   харобу  валангор  гардида,   марказҳои  калони  фарҳангии  дорои  аҳамияти  умумибашарӣ  несту  нобуд  карда шуданд. Тоҷикистон  ҳам дар  таъмини  Ғалаба  бар  фашизм  саҳми  калон  гузошт. Аз  Тоҷикистон  дар  муҳорибаҳои  Ҷанги  Бузурги  Ватанӣ  бештар аз  300 ҳазор нафар   иштирок дошт,   Қисми  зиёди онҳо  дар  муборибаҳои  ҷанг  қаҳрамонию  далерӣ нишон  доданд. Тоҷикистон  тӯли  солҳои  ҷанг  аз   ҷумҳуриҳои  дигари  шӯравӣ  бештар аз  40  ҳазор  нафар,  аз  ҷумла,  10  ҳазор  бачагонро  қабул  карда,  ба оғӯши  худ  гирифт. Деҳқонони тоҷик  солҳои  ҷанг  намунаи олии  меҳнатдӯстӣ  нишон  дода,  аскарону  афсаронро  бо  либосу  хӯрока  таъмин  мекарданд.  (Матни  пурраи  суханронии Президенти ҷумҳурӣ Э.Раҳмон  дар   воситаҳои  ахбори оммавӣ  чоп  мешавад). Дар  фарҷоми  суханронии Президенти  ҷумҳурӣ   дар  Боғи  ғалаба  бахшида ба  солгарди навбатии Ғалабаи  бузург  расми  гузашти низомӣ  баргузор  гардид. Дар он   хизматчиёни  ҳарбии  гарнизони  Душанбе,   қисмҳои  ҳарбии  Артиши   марзбон,  артиши  дохила  ва Кумитаи  давлатии  амнияти  миллӣ иштирок намуданд.  

Май 7, 2010 11:14

Хабарҳои дигари ин бахш

Шоири афғонистонӣ Аҳмад Ҳанойиш дар васфи Пешвои тоҷикони ҷаҳон Эмомалӣ Раҳмон меҳрнома навишт
Тоҷикистон ба таъмини пайвастагии конфронсҳои СММ оид ба об дар солҳои 2023, 2026 ва 2028 даъват намуд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 39 дараҷа гарм мешавад
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 28 август, ҷумъа, 240-умин рӯзи соли 2026 аст
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 39 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 26 август, чоршанбе, 238-умин рӯзи соли 2026 аст
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон ҳаво то 37 дараҷа гарм мешавад
Дар Бадахшон 1300 километр роҳ дорои аҳаммияти байналмилалӣ мебошад
Имрӯз дар доманакӯҳҳои Тоҷикистон ҳаво то 32 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 35 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда дар назар аст