РОҲҲО ТАЪМИР МЕЁБАНД

Май 12, 2010 17:03

Муъминобод, 12 май. (АМИТ «Ховар», Сулаймон  Холов). —  Дар ноҳияи  Мӯъминобод   дар  натиҷаи  боронгариҳои  пай  дар  пай  6  купруки  роҳҳои  автомобилгард  ва   пиёдагард  зарари  ҷиддӣ  диаанд, ки  айни  ҳол  барқароркунии   онҳо  аз  тарафи  муассисаи  давлатии  нигаҳдории  роҳҳои   автомобилгарди  ноҳия  идома  дорад. Сардори  муассиса   Темур  Ҳаётов  дар  бастагӣ  ба   ин  мавзӯъ  гуфт, ки    барои  барқарорсозии  купрукҳо  ва роҳҳои    аз  офати  табиӣ  зарардида   панҷ   техника   сафарбар  гардида   омодаи  кор  мебошанд. Ба  гуфтаи    ин  манбаъ  имсол  бори  сеюм  аст, ки  роҳҳои   автомобилгард  ва  маҳаллии  ноҳия  зарар  дида  аз  сари  нав  барқарор  мегарданд. Мавриди  зикр  аст, ки   то  ин  ҷониб   муассиса    барои   нигаҳдори  ва  таъмири  роҳҳои  автомобилгарди  аҳамияти  ҷумҳуридошта    маблағи  45517 сомони  ва  барои   таъмири   роҳҳои    маҳаллӣ   маблағи  18 328  сомони   масраф  кардааст. Ҳаётов  афзуд, ки   кормандни  муассиса  ба  таъмири  роҳҳои  Кўлоб-  Муъминобод, Кулчашма, Ғеш, Лангар  шуруъ  карда  корҳои  таъмириро  дар  рўзҳои  наздик  ба  итмом  мерасонанд. Гуфта  мешавад   ба  муассиса   ба  миқдори  300 т шағали  табии  ва  20 т  муми   сиёҳ  ворид  карда  шудааст, ки аз  ин ашёи  хом  асфалт  тайёр  карда дар  моҳҳои   июн- июл    роҳҳои    автомобилгарди   ноҳияро  таъмир  месозанд.  

Май 12, 2010 17:03

Хабарҳои дигари ин бахш

Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 23 дараҷа гарм мешавад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 19 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад