СӮХТОР АЗ РАСИШИ КӮТОҲИ НОҚИЛҲОИ БАРҚӢ

Май 24, 2010 17:10

Душанбе, 24 май. (АМИТ «Ховар», Жасмин Назарова). —  Ҳафтаи сипаришуда дар миқёси ҷумҳурӣ 8 ҳодисаи сӯхтор бо хисороти молии умумии 7 ҳазору 585 сомонӣ ба қайд гирифта шудааст. Тавре аз маркази матбуоти Сарраёсати хадамоти давлатии оташнишонии ВКД ҶТ иттилоъ доданд, масоҳати умумии сӯхторҳо 175 метри мураббаъро ташкил медиҳад. Чун ҳарвақта сабабҳои асосии ҳодисаҳои нохуш – муносибати беэҳтиётона бо оташ, вайрон кардани қоидаҳои бехатарӣ аз сӯхтор ҳангоми истифодаи асбобҳои гармидиҳандаи барқӣ ва газӣ, расиши кӯтоҳи ноқилҳои барқӣ мебошанд. Дар давоми ҳафта дар вилояти Суғд – 3, вилояти Хатлон – 2, шаҳри Душанбе – 1 ва ноҳияҳои Рудакӣ ва Турсунзода – 1-тои ҳодисаи сӯхтор ба қайд гирифта шудааст. Чунин ҳодиса 23 майи соли равон ҳангоми гарм намудани ҳаммом аз расиши кӯтоҳи ноқилҳои барқӣ сабаби ба амал омадани сӯхтор дар манзили истиқоматии шаҳрванд Бону Насимоваи 51 – сола, истиқоматкунандаи ноҳияи Шохмансури пойтахт. Ҳангоми сӯхор дар масоҳати 1 метри мураббаъ болопӯш ва молу амволи ҳаммом сӯхта зарар дид. Зарар муайян карда мешавад.            

Май 24, 2010 17:10

Хабарҳои дигари ин бахш

«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Имрӯз дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон борон меборад
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 23 дараҷа гарм мешавад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 19 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад