САРВАЗИР БА КӮЛОБ РАФТ

Май 11, 2010 17:06

Душанбе,  11 май. (АМИТ «Ховар»,  Фарангис  Раҳимова). —  Ҳайати  ҳукуматии  мамлакат таҳти роҳбарии  Сарвазир Оқил  Оқилов  баъди  чошти  имрӯз  бо  супориши  Президенти  ҷумҳурӣ  ба  ноҳияҳои  аз  фалокати табиӣ  зарардидаи   минтақаи  Кӯлоб  рафт. Ҳадафи  сафари  мазкур   шиносоии  бевосита бо  ҷараёни барқарор  гардидани  биноҳои  харобгардида  ва  маҳалли   нави интихобшуда барои  сохтмони  хонаҳои  харобгардида ва  расонидани  кӯмак  ба  зарардидагон  мебошад. Ҳайат  то  13  май  бо  вазъияти   минтақаҳои  харобгардида  дар  шаҳри  Кӯлоб  ва  ноҳияҳои  Восеъ,  Мӯъминобод,  Шӯрообод  ва  Темурмалик  шинос  мешавад. Аз  рӯи   маълумоти расмӣ,  дар натиҷаи   фалокати табиии  аз 6 то  8  май  дар  12   ноҳияи  мамлакат  рухдода 24  нафар ҳалок гардидааст.  Зиёда  аз  50  нафар  беному  нишон гум  шудаанд,  қариб  200 нафари дигар  маҷрӯҳ  гардида,   бештар  аз  2000   манзили  истиқоматӣ,  муассисаҳои  иҷтимоӣ, кӯпрук,  даҳҳо  километр  роҳи  мошингард,  хатҳои  интиқоли  қувваи барқ ва  алоқаи телефон  харобу  валангор  гардиданд. Бар  асари  фалокат  аз  ҳама бештар   шаҳри  Кӯлоб  зарар  дид. Мақомоти  дахлдор  вазифадор  шудаанд, ки  барои сохтмони  деҳкадаи  нав  маҳалли  нисбатан  бехатарро интихоб  кунанд. Дар  ин ҷо  бештар  аз 500   хонаи  дорои  тамоми шароити зарурии  зиндагӣ  сохта  хоҳад  шуд. Мухбири  АМИТ «Ховар»  хабар  медиҳад, ки  аз  рӯи  маълумоти  пешакӣ,  зарари  иқтисодии  фалокати табиӣ  900  миллион  сомониро ташкил  медиҳад.

Май 11, 2010 17:06

Хабарҳои дигари ин бахш

«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Имрӯз дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон борон меборад
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 23 дараҷа гарм мешавад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 19 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад