ШАРҲИ МАЗМУНУ МУНДАРИҶАИ ПАЁМИ ПРЕЗИДЕНТ
Хоруғ, 28 май. (АМИТ «Ховар», Л.Додо). — Гурӯҳи намояндагони Ҳукумати ҷумҳурӣ таҳти роҳбарии мушовири сардори давлат Муҳаббатшо Рӯзадоров чанд рӯз пеш дар доираи тадбирҳои омодагӣ ба 13 солагии ваҳдати миллӣ бо мақсади шарҳу тавзеҳи мазмуну мундариҷаи Паёми Президент ба Маҷлиси олӣ ба Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ташриф овард. Намояндагони ҳукумат дар шаҳри Хоруғ ба ду гурӯҳ тақсим шуданд. Як гурӯҳи онҳо ба ноҳияҳои Мурғобу Ишкошим ва гурӯҳи дигар ба шаҳри Хоруғу ноҳияҳои Шуғнону Роштқалъа рафт. Аъзои ин гурӯҳҳо дар корхонаю муассисаҳо бо коргарон ва аҳолии маҳаллӣ мулоқоту сӯҳбатҳо ташкил намуда, роҷеъ ба нуктаҳои асосии паёми Сардори давлат, аз ҷумла пешрафти иҷтимоию иқтисодии мамлакат, таъмини амнияти энергетикӣ, озуқаворӣ, илму маориф ва тандурустӣ сухан ронданд. Сухан инчунин дар бораи рушди соҳаҳои тиҷорату соҳибкорӣ ва таъмини рӯзгори мардум рафт. Зимни мулоқоти намояндагони ҳукумат дар Донишгоҳи давлатии ба номи М.Назаршоев, мактабҳои шаҳри Хоруғ ва аҳолии маҳаллӣ сӯҳбати ошкорою самимӣ ва саволу ҷавоб сурат гирифт. Ҷамъомадагон зимни ин сӯҳбатҳо ба саволҳои худ ҷавобҳои мушаххас гирифтанд.








«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Имрӯз дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон борон меборад
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!






