ШУМОРАИ БЕКОРОНИ РАСМӢ

Май 13, 2010 10:03

Душанбе, 13 май. (АМИТ «Ховар», Лаззат Диловарзод).- Бино ба иттилои Хадамоти шуғли Вазорати меҳнат ва  ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон, бо вуҷуди андешидани чорабиниҳои зиёд оид ба таъмини ҷойи кор барои ашхосе, ки дар қайди Хадамоти шуғли Вазорати меҳнат ва  ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ ҳамчун бекорони расмӣ ба қайд гирифта шудаанд, сафи бекорон зиёд боқӣ  монд. Шумораи бекорони дар хадамоти мазкур ба қайд гирифташуда дар охири моҳи апрели соли ҷорӣ беш аз 34 ҳазор нафарро ташкил дод, ки нисбат ба моҳи марти соли ҷорӣ 2,4 фоиз зиёд шудааст. Аз ҷумлаи бекорони ба қайд гирифташуда 53,1 фоизашонро занон ташкил медиҳанд. Сатҳи бекорони расмӣ ба қайд гирифташуда 2,2 фоизи аҳолии дар иқтисодиёт фаъолро ташкил медиҳанд. Дар ин давра андозаи миёнаи кӯмакпулӣ барои бекорон 400  сомониро ташкил медиҳад. Хадамоти шуғли Вазорати меҳнат ва ҳифзи иҷтимоӣ аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон пайваста дар баргузории ярмаркаҳои ҷойҳои холии кор ширкат варзида барои таъмини аҳолӣ ба ҷойи кори доимӣ мусоидат менамояд.

Май 13, 2010 10:03

Хабарҳои дигари ин бахш

«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Имрӯз дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон борон меборад
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 23 дараҷа гарм мешавад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 19 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад