ТӮҲФА БА СОБИҚАДАРОНИ ҶАНГУ МЕҲНАТ
Муъмиобод , 7 май. ( АМИТ «Ховар», Сулаймон Холов). — Ҳукумати ноҳияи Муъминобод бахшида ба рӯзи ҳамдилии меҳнаткашон 3-юми май ба 30 нафар собиқадорони меҳнат тӯхфаҳои хотирави тақдим намуд. Раиси ноҳия Сафарали Зокиров зимни тақдими ин тӯҳфаҳо гуфт: «Ин шахсон аз зумраи онҳоеанд, ки дар рушди соҳаи хоҷагии қишлоқ дар солҳои душвортарин саҳми хоса гузошта, умри пурбаракати худро сарфи ободии диёр намудаанд. Мавриди зикр аст, ки тӯхфаҳои хотиравии собиқадорон беш аз 8 000 сомониро дар бар мегирад». Инчунин ҳукумати ноҳия ба тачлили ҷашни ғалаба омодагӣ дида, ба ин муносибат китоберо ба номи «Хотира» нашр кардааст, ки дар он аз рӯзгори иштирокчиёни ҶБВ, ки сокинони ноҳия будаанд ҳикоят шудааст. Гуфта мешавад китоби «Хотира» бо теъдоди 500 адад нашр шуда, ба иштирокчиёни ҶБВ ва ба хонаводаи онҳое ки дар қайди ҳаёт нестанд тақдим карда мешавад.








«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Имрӯз дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон борон меборад
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!






